Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дар авҷи ҷанги Русия ва Украина Токаев дастур дод, ки чораҳои амниятӣ шиддат ёбад
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар пайи шиддат гирифтани ҷанг байни Русия ва Украина дастур дод, ки амнияти иншооти низомӣ ва ғайринизомӣ фавран таъмин карда шавад.
Хабаргузориҳои Қазоқистон бо такя ба Берик Уалӣ, раиси Дафтари матбуоти президент хабар медиҳанд, ки Қосим-Жомарт Токаев дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар атрофи Украина ба мақомот дастур дод, ки чораҳои фаврии амниятӣ андешида шавад.
“Токаев ба сарвазир, роҳбари дастгоҳи президент, роҳбарони тамоми сохторҳои қудратӣ ва ҳокимон дастур дод, ки дар робита ба шиддат гирифтани вазъ дар атрофи Украина чораҳои таъҷилӣ андешанд, то амнияти объектҳои муҳимми ҳарбӣ ва ғайринизомиро таъмин намоянд” – навиштааст Берик Уалӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X.
Раиси Дафтари матбуоти Қазоқистон таъкид кардааст, ки вазъият дар кишвар таҳти назорати шахсии президент қарор дорад: “Барои кишвари мо ҳадафи муҳимми стратегӣ ҳифзи субот, оромӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ аст. Қазоқистон борҳо ҷонибдори ҳалли масъалаи поён додан ба ҷанг байни ду халқи славяниро бо роҳи музокира эълон кардааст”- меафзояд Берик Уалӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар шабу рӯзи гузашта Украина бори аввал бо мушакҳои дурбурди истеҳсоли Амрико ва Англия ба дохили хоки Русия ҳамла кард. Дар пайи он Русия бори аввал бо мушаки баластикии фаросавт аз минтақаи ҳаммарз бо Қазоқистон ба Украина ҳамлаи ҷавобӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд