11 Октябр 2026,
якшанбе, 12:11, Душанбе
21.11.2024 18:09

Ҳосили рекордии гандуми Қазоқистон бозорҳои Африқову Осиёи Миёнаро таъмин мекунад

Дар даҳ соли охир ҳосили истеҳсоли гандум дар Ҷумҳурии Қазоқистон рекордӣ шуд. Дар робита ба ин Ҳукумати ин кишвар ба ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки бозори фурӯши гандуми Қазоқистонро густариш диҳанд.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон ҳосили гандум имсол 26, 7 миллион тоннаро ташкил додааст. Дар соли 2023 ин рақам 17, 1 миллион тонна, дар соли 2022 22, 03 миллион тонна ва дар соли 2021 ҳосили гандум 16, 3 миллион тоннаро ташкил дода буд.

Дар маҷлиси Ҳукумат бо сарварии сарвазири Қазоқистон масъалаи густариши бозорҳои фурӯши гандуми ин кишвар баррасӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки бозори фурӯш дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Осиёи Миёна, Шарқи Наздик ва Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шавад.

Дар ин маҷлис муовини вазири савдои Қазоқистон самтҳои афзалиятноки бозори фурӯши гандумро зикр кард, ки инҳо мебошанд: Чин, Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон, Шарқи Наздик, Италия, Латвия ва Испания.

Бар асоси иттилои Вазорати савдои Қазоқистон иқтидори содиротии ин кишвар дар соли ҷорӣ 12 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Қосим-Жомарт Токаев дар Анҷумани аввалини кишоварзон гуфт, ки Қазоқистон бояд на танҳо бозорҳои анъанавии фурӯшро нигоҳ дорад, балки содиротро диверсификатсия намуда, схемаи тағйири таъминотро ба талаботи кишварҳои мухталиф мутобиқ созад.

Имсол содироти гандум аллакай ба Ӯзбекистон ва Туркманистон оғоз шудааст. Содирот ба бозори Эрон низ оғоз шуд ва аллакай 250 ҳазор тонна ҷав интиқол дода шуд.

Дар ҳамин ҳол президенти Қазоқистон таъкид кардааст, ки гандум бояд ба бозорҳои Чин, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Шарқи Наздик, Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ интиқол дода шавад.

Барои амалӣ намудани стратегияи фурӯши гандум зиёд намудани нақлиёти баҳрӣ ба нақша гирифта шуда, дар бандари Курик терминали нави гандум ба кор даромад. Таъкид мешавад, ки дар робита ба ин нақши долонҳои байналмилалӣ, монанди роҳи Шимол-Ҷануб ва Транс-Каспӣ муҳим аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.10.2026 13:15

Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард

Раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Украина аз тавофуқи Доналд Трамп бо Маскав барои интиқоли дизели Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ шадидан интиқод карда, коҳиши таҳримҳо алайҳи Русияро мухолифи талошҳо барои расидан ба сулҳ донистанд.
10.10.2026 13:07

Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод

Душанбе ва Теҳрон барои густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар таъкид карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён хабар дод.
10.10.2026 12:56

“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?

Ҳамлаи низомии Украина ба полоишгоҳҳои нафтии Русия боиси ба вуҷуд омадани буҳрони содироти сӯзишворӣ дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” дар як матлаби таҳлилӣ буҳрони сӯзишвории Русия дар Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор дода, ба ин натиҷа мерасад, ки Душанбе барои кам кардани таъсири буҳрон рӯ ба ҷониби Эрон овард.
10.10.2026 09:02

Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад

9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.
09.10.2026 18:40

Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд

Манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико ва Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури ин кишвар, дар охири моҳи ҷорӣ ба Русия мераванд, то бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар бораи расидан ба созиши оташбас дар ҷанги Украина музокира кунанд.
09.10.2026 18:33

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд

Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026-ро ба ифтихори талошҳои Навӣ Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ, ки барои пешбурди сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ талошҳои зиёде кардааст, тақдим намуд.
09.10.2026 17:06

Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд

Ширкати “ВКонтакте” (VK), ки соҳиби яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои Русия бо ҳамин ном аст, алайҳи Шурои Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ширкат таҳримҳои ҷоришударо ғайриқонунӣ ва беасос хонда, хостори лағви онҳо шудааст.
09.10.2026 16:56

Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст

Ҷон Оссофф, сенатори демократи иёлати Ҷорҷия ва номзад ба интихоботи миёндавраии Сенати Амрико, мегӯяд, ки неруҳои Исроил дар Навори Ғазза қоидаҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро нақз кардаанд. Ӯ хостори баррасии эҳтимоли наслкушӣ дар Ғазза аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шудааст.
09.10.2026 16:28

Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд

Имрӯз, 9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
09.10.2026 15:43

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки “бачабозӣ” ё истифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар миёни аъзо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон идома дорад.
09.10.2026 15:38

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии Толибон аз кӯдакон ба ҳайси сарбоз барои амалиётҳои ҷангӣ истифода мекунанд.