Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Қазоқистон, Узбекистон ва Орзорбойҷон: рушд ва интиқоли “Энергияи сабз” дар меҳвари тафоҳуми кишварҳо
Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон, Қосим – Жомарт Токаев, президенти Қазоқистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар ҳошияи Иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку дидор ва мулоқот намуда, масъалаи рушд ва интиқоли “энергияи сабз” –ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти президенти Озарбойҷон се ҷониб дар поёни нишаст тафоҳумномаеро имзо карданд, ки бар асоси он барномаи рушд ва интиқоли “энергия сабз” амалӣ карда мешавад.
Ҳикмат Ҳоҷиев, муовини президенти Озарбойҷон дар шабакаи “Х” роҷеъ ба тафоҳумномаи мазкур навишт, ки энергияи сабзи ин се кишвар аз тариқи Баҳри Хазар интиқол меёбад ва ба тарҳи Кобулэнергияи Баҳри Сиёҳ васл хоҳад шуд.
Дар моҳи июни имсол мақомотҳои озарбойҷонӣ иттилоъ дода буданд, ки се кишвар – Озарбойҷон, Узбекистон ва Қазоқистон бо ҳадафи ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла энергияи сабз дар моҳҳои оянда тафоҳумномае дар бораи ҳамкории стратегӣ барои баҳрабардорӣ имзо хоҳанд кард.
Тибқи тафоҳумномаи мазкур ин се кишвар дар ҳоли иҷрои тарҳҳои муштарак дар интиқол ва таъмини барқи тавлидшуда аз сарчашмаҳои таҷдидпазир ҳастанд ва мақсади онҳо рушди энергияи сабз ва интиқоли он хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд