25 Ноябр 2026,
чоршанбе, 19:13, Душанбе
21.10.2024 11:09

Мисриҳо дар Тошканд шакар истеҳсол мекунанд

Ширкати мисрии “Nile Sugar” тасмим гирифтааст, ки дар Тошканд корхонаи муштараки тавлиди шакар роҳандозӣ кунад. Лазиз Қудратов, вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар мулоқот бо директори генералии ширкати мисрии “Nile Sugar” Эмад Фарид масъалаи роҳандозии тавлиди шакарро баррасӣ кардааст.

Ҷонибҳо дар мулоқот парвариши лаблабӯи қанд ва ба роҳ мондани истеҳсоли шакар бо иқтидори 200 ҳазор тоннаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндаи ширкат ба шароити сармоягузории Узбекистон баҳои баланд додааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар бораи татбиқи лоиҳаи мазкур ва суръат бахшидан ба корҳо дар ин самт ба тавофуқ расиданд.

Ширкати мисрии “Nile Sugar” соли 2006 ташкил шуда, як қисми холдинги “Orascom Croup” мебошад ва бузургтарин тавлидкунандаи шакар дар Миср ба ҳисоб меравад. 

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.
25.11.2026 14:15

Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард

Ҳизби “Яшар” бо раҳбарии Гади Айзенкот, раиси пешини Ситоди кулли артиши Исроил, дар пайи интихоботи моҳи гузашта бо яке аз аҳзоби мухолифи ростгаро барои ташкили эътилофи ҳукуматӣ ба созиш расидааст. Ин нахустин созиши эътилофӣ миёни аҳзоби сиёсӣ пас аз интихобот ба шумор меравад.
25.11.2026 14:07

Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд

Имрӯз, 25-уми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
25.11.2026 08:34

Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд

Имрӯз, 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор машваратҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
25.11.2026 08:31

Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26–ум то 29-уми ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мегардад.
24.11.2026 13:43

Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин кишварест, ки пас аз дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман раванди хориҷ шудан аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро оғоз кардааст. Ин тасмим дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳи мазкур моҳи сентябр Тоҷикистонро барои боздошт накардани президенти Федератсияи Русия дар вақти сафараш ба шаҳри Душанбе дар соли 2025 интиқод намуда буд.
24.11.2026 13:23

Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад

Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим, зиёд шудани теъдоди парвозҳо ва густариши ҳамкориҳои авиатсиониро баррасӣ намудааст. Ин масъала дар мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсияи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Монреали Канада матраҳ шудаанд.