11 Июл 2025,
ҷумъа, 05:38, Душанбе
20.10.2024 10:03

“КОНСЕРТ НАБОШАД”. ТОЛИБОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ХОСТАНД ДАР МАРКАЗИ САВДОИ ТИРМИЗ МУСИҚӢ ПАХШ НАКУНАНД

Ҳукумати ҳаракати террористии "Толибон" аз мақомоти Ӯзбекистон хост, ки консертҳо ва барномаҳои мусиқиро дар Маркази савдои "Тирмиз"- дар марз бо Афғонистон бекор кунанд. Дар ин бора нашрияи Афғонистон "Atlaspress" хабар додааст.

Дар акси ҳол шаҳрвандони Афғонистон аз ҳаққи боздид аз бозорро надоранд.

Як рӯз қабл аз нашри чунин иттилоот, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳор кард, ки аз Толибон дар бораи манъ кардани консерт ва пахши мусиқӣ дар Маркази байналмилалии тиҷоратии наздимарзии Тирмиз дархост нагирифтааст.

Толибон бар зидди консертҳо дар бозори Ӯзбекистон

Қобили қайд аст, ки шаҳрвандони Афғонистон метавонанд бидуни раводид ба бозори муштараки марзӣ дар Тирмиз шариф оранд. Барои меҳмонон консерт ва барномаҳои мусиқӣ ташкил мешавад ва дар бегоҳӣ ҳунармандони ӯзбек низ консертҳо иҷро мекарданд.

"Толибон" ба баргузории барномаҳои мусиқӣ дар бозор мухолифанд ва аз ҳукумати Ӯзбекистон хоҳиш карданд, ки ба чунин чорабиниҳо роҳ надиҳад, зеро ин чорабиниҳо хилофи меъёрҳои фарҳангӣ ва динӣ мебошанд" - хабар медиҳад "Atlaspress".

Маркази байналмилалии тиҷоратии Тирмиз моҳи августи соли равон дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз кард. Мақомот сарвазири Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин, ҳайати Иморати расман эътирофнашудаи исломии Афғонистонро ба маросими ифтитоҳи он даъват карданд.
Бо фармони президент Шавкат Мирзиёев ба ин Марказ мақоми минтақаи озоди иқтисодӣ дода шуд.

Тибқи созишномаи байни Афғонистон ва Ӯзбекистон шаҳрвандони Афғонистон метавонанд дар ин бозор 15 рӯз бидуни раводид бимонанд, молҳои заруриро харанд ва ба Афғонистон баргарданд.

Қаблан, баъзе ВАО хабар дода буданд, ки ҳазорон нафар афғонҳо ба бозори наздисарҳадии Тирмиз меоянд ва тамоми молҳоро аз рафҳо мегиранд.

Тошканд аз Толибон ягон муроҷиат нагирифтааст - ВКД

Як рӯз қабл аз пайдо шудани ин маълумот Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба нашрияи интернетии Gazeta.uz  изҳор дошт, ки аз ҳукумати Афғонистон дар бораи бекор кардани консертҳо ва чорабиниҳои мусиқӣ дар Маркази байналмилалии тиҷоратии наздимарзии "Тирмиз" муроҷиатнома нагирифтаанд.

Пас аз ин ки дар моҳи августи соли 2021 Толибон ҳокимиятро дар Афғонистон ба даст оварданд, президент Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, Ӯзбекистон кӯшиш мекунад, бо ин кишвар муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ дошта бошад.

Дар аввалин изҳороти худ, баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон президент Мирзиёев изҳор дошт, ки “ҳадафи ягонаи Тошканд пешгирӣ ва тирпарронӣ аз Афғонистон ба сӯйи Ӯзбекистон аст”.

Пеш аз он ки Афғонистон таҳти назорати пурраи Толибон қарор гирад, вазъ дар сарҳади Ӯзбекистон ва Афғонистон хеле ташвишовар буд ва сарҳади номбурда сарҳади аз ҳама бодиққат муҳофизатшаванда дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Он солҳо шаҳри Тирмиз (Маркази маъмурии вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон) борҳо аз ҷониби ҷангиёни Толибон аз қаламрави Афғонистон тирборон шуда буд. Чархболҳои ҳарбӣ сарҳадро вайрон карданд. Хадамоти махсуси Ӯзбекистон Толибон ва ҷангиёни ӯзбекро, ки аз деҳаҳои наздимарзӣ фирор карда буданд, ҷустуҷӯ мекарданд.

Вале, имрӯз шумораи афғонҳо ва тиҷорати Афғонистон дар ин шаҳр сол ба сол меафзояд. Тибқи маълумоти расмии охирин, шумораи умумии афғонҳо дар Ӯзбекистон зиёда аз 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аксари онҳо дар Тирмиз зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манбаи “Озодлик” дар Тирмиз имрӯз соҳибкорони афғон дар ин шаҳр хонаҳои истиқоматии бисёрқабата месозанд. Аксари харидорони манзилҳои ин хонаҳо афғонҳо мебошанд.

Аз маълумоти расмӣ ва андешаҳои сокинони одии Тирмиз маълум мешавад, ки ҳамсояи мусаллаҳи Ӯзбекистон дар марзҳои ҷанубӣ ба давлати сулҳпарвар табдил меёбад, ки бояд бо он ҳамкорӣ барқарор карда шавад.

Бо вуҷуди ин, ду мушкилоти ҷиддӣ дар назди ҳамкории ба назар умедбахш, вуҷуд дорад.
Якум, ҳавопаймо ва чархболҳои амрикоӣ мебошанд, ки дар қаламрави Ӯзбекистон боқӣ мондаанд. Вақте ки Толибон моҳи августи соли 2021 Кобулро забт карданд, даҳҳо ҳавопаймо ва чархболҳои низомӣ аз Афғонистон ба қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистон парвоз карданд. 26-уми августи соли равон сафири ИМА дар Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳеник дар ин масъала нукта гузошт ва гуфт, ки ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар Ӯзбекистон боқӣ хоҳанд монд.

“Ин техника дар ИМА истеҳсол шудааст, на дар Афғонистон. Артиши Афғонистон онро истифода мебурд, вале мо - амрикоиҳо ҳамеша соҳиби он будем” – гуфт сафир Ҳеник.
Ҳукумати таҳти раёсати ҳаракати террористии Толибон зидди вогузории ҳавопаймо ва чархболҳои низомӣ ба Ӯзбекистон аст. Толибон ба ҳукумати Ӯзбекистон маслиҳат доданд, ки “аз ҳар гуна чунин созишнома худдорӣ кунад”, “қарорҳои оқилона қабул кунад, ки муносибатҳои неки ҳамсоягиро инъикос намояд” ва “дар бозгашти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои неруҳои ҳавоии Афғонистон ба Кобул ҳамкорӣ кунад”.

Мушкилоти дувум, канали Қуштеппа мебошад, ки онро Толибон дар Афғонистон бунёд мекунанд. Бо вуҷуди эътирози на танҳо Ӯзбекистон, балки дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Толибон дар қарори худ дар бораи бунёди ин канал устувор ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки шабакаи Қуштеппа пас аз 5 сол ба кор оғоз мекунад. Аз рӯйи нақшаи Толибон, канали Қуштеппа бояд тақрибан 500 ҳазор гектар заминро дар вилояти Балх, Ҷузҷон, Форёб бо об таъмин кунад. Қаблан, хабар дода шуд, ки ифтитоҳи канали Қуштеппа ба Афғонистон ба ҳисоби миёна 500 миллион доллар дар сол даромад меорад.
Вақте канал пурра ба итмом мерасад, Афғонистон аз Амӯдарё то 15 фоиз об мегирад, ки ин барои Ӯзбекистон ва Туркманистон мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд.

Роҳбарияти Ӯзбекистон то ҳол дар бораи эътирофи ҳукумати толибон ягон изҳороти расмӣ пахш накардааст.

Аммо Ӯзбекистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ гардид, ки сафири Толибонро қабул кард.

Ба гуфтаи аксари таҳилгарон, новобаста аз он ки ин ҳамкорӣ ба ҳалли масъалаҳои обу амният кумак хоҳад кард ва то чӣ андоза ба Толибони мусаллаҳ эътимод кардан мумкин аст, пешгӯӣ намудан душвор мебошад.

“Мусиқии дунявӣ номувофиқ ва ғайриахлоқӣ аст”

Ҳукумати ҳаракати террористии Толибон ҳар гуна мусиқии дунявиро номувофиқ ва ғайриахлоқӣ мешуморад. Нақшаи Толибон барои манъи мусиқӣ дар Афғонистон бори аввал соли 2021 маълум шуд. Сипас, дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар мусоҳиба бо рӯзномаи "The New York Times" чунин таъкид кард: “Мусиқӣ дар Ислом манъ аст. Аммо мо умедворем, ки метавонем одамонро боварманд созем” – афзуд ӯ.

Соли гузашта дар вилояти Ҳирот дар Афғонистон асбобҳои мусиқӣ ва дастгоҳҳо ба таври оммавӣ сӯзонида шуданд. Мақомоти вилоятҳои зери назорати Толибон гуфтанд, ки мусиқӣ ба ахлоқи ҷамъиятӣ таъсири бад мерасонад.

Он вақт ВАО-и ҷаҳонӣ хабар доданд, ки дар Ҳирот даҳҳо гитара, асбобҳои савтӣ, ямаха, барабанҳо ва баландгӯякҳои аудиоӣ ва тақвиятдиҳандаҳо бо арзиши умумии ҳазорҳо доллар ба оташ супурда шуданд.

Раиси амр бар маъруфи Толибон дар Ҳирот Азизурраҳмон Муҳоҷир, ки масъули масъалаҳои идеология дар ҳукумати Толибон аст, таъкид кард аксияи сӯзондани асбобҳо иҷрои фатво (ҳукмӣ динӣ) буд, ки аз ҷониби уламои маҳаллӣ содир шудааст. “Мусиқӣ одобро вайрон мекунад ва ҷавононро ба роҳи нодуруст мебарад” – гуфт ӯ.

Аҳмад Сармаст, асосгузори Институти миллии мусиқии Афғонистон, доктори илм, ки дар Португалия зиндагӣ мекунад, амали Толибонро вандализм ва генотсити фарҳангӣ меномад.

Профессори Донишгоҳи Дюки ИМА Темур Қурбон ёдовар шуд, ки аз замони ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021 дар Афғонистон асбобҳои мусиқӣ мунтазам мусодира мешаванд ва навозандагони касбӣ мавриди таъқиб, аз ҷумла қатл қарор мегиранд. Бисёре аз онҳо, маҷбур шуданд, ки муҳоҷират кунанд. Дар Қуръон дар бораи мусиқӣ ҳеч гуна мамнуъият вуҷуд надорад, гуфт ӯ.

Афғонистон дорои анъанаҳои бисёрсолаи мусиқӣ мебошад, ки асосан аз мусиқии форсӣ сарчашма мегирад. Дар кишвар технологияи истеҳсоли асбобҳои мусиқии халқӣ мавҷуд аст. Толибон бори аввал иҷро ва гӯш кардани мусиқии дунявиро дар давраи қаблии худ дар соли 1990 манъ карданд. Манъкунӣ пас аз табадуллоти давлатӣ дар Кобул дар соли 2021 барқарор карда шуд. Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021 ҳуқуқи инсон дар кишвар ба таври оммавӣ поймол карда мешавад. Қонунгузории дунявӣ қариб пурра бо қонунҳои шариат иваз карда шудааст. Дар Афғонистон таъқиби мухолифон ва қатли омм амал карда мешавад. Занон аз ҳуқуқи таҳсилу кор маҳрум мешаванд.
Толибон гурӯҳи исломии террористӣ, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон террористӣ эътироф шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳукумати Ӯзбекистон робитаҳои расмии сиёсӣ ва тиҷоратиро бо ҳукумати Афғонистон – Толибон идома медиҳад.

*Дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.

Манбаъ: радиои Озодлик (Ӯзбекистон)

Хатти хабарҳо

10.07.2025 15:34

Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”

Дар идомаи интиқодҳо аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистон Тим Бурчет, намояндаи Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико аз кумакҳои молии доимии Вашингтон ба гурӯҳи террористии Толибон парда бардошт. Ӯ эълон кард, ки давлати Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ирсол мекунад. Рақаме, ки ба гуфати ӯ, дар маҷмуъ то кунун ба тақрибан 5 миллиард доллар расидааст.
10.07.2025 15:20

Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад

Бонки миллии Қазоқистон бо ташаббуси яксилсила сиёсати нав ба дунболи табдили Қазоқистон ба қутби блокчейн дар Осиёи Марказӣ аст. Ин иқдом дар чорчӯби ташаккули захираи миллии дороиҳои рақамӣ, ки дорои криптовалютҳои мусодирашуда ва истихроҷшуда аз сӯи давлат хоҳад буд, рӯи даст гирифта шудааст.
10.07.2025 15:05

CNN: Трамп таҳдид кардааст, ки Маскав ва Пекинро бомбаборон мекунад

Шабакаи телевизионии “CNN” ба сабти аудиое дастрасӣ пайдо кардааст, ки дар он Доналд Трамп, президенти Амрико дар як ҳамоиши ҷамъоварии маблағ барои интихоботи соли 2024 мегӯяд, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Киев омода аст, Маскавро мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор диҳад. Ӯ гуфтааст, ин таҳдидро шахсан ба Владимир Путин расонида буд.
10.07.2025 11:19

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Дар пойтахти Бразилия Саммити солонаи БРИКС бо ширкати роҳбарони кишварҳои аъзо ва кишварҳои нозир доир гардид. Ин нишаст, ки дар фазои тантанавӣ ва пур аз мубоҳисаҳои муҳим сурат гирифт, ба баррасии масъалаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйироти иқлим ва амнияти байналмилалӣ бахшида шуд. Суханронии роҳбарони кишварҳо, аз ҷумла президентҳои Русия, Чин, Бразилия ва намояндагони Ироқ, ки ба ҳайси узви нозир ширкат доштанд, мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳониро рӯшан намуданд.
10.07.2025 11:04

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Дар ин ҳамоиш сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ширкат намуда, дар ҳузури доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
10.07.2025 10:55

Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад

Сафири гурӯҳи террористии Толибон дар Остона Муҳаммад Раҳмон дар мулоқот бо намояндаи хоси президенти Қазоқистон Эркин Туркумов хост, ки ба мисли Федератсияи Русия ин гурӯҳро ба расмият шиносанд.
10.07.2025 10:45

Тоҷикистону Эрон масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамкории консулиро баррасӣ карданд

Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон мулоқоти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури консулӣ Ваҳид Ҷалолзода доир гардид.
10.07.2025 10:41

Ҳамос бо озод кардани 10 асири исроилӣ барои оғози музокирот розӣ шудааст

Ҳаракати муқовимати исломии Ҳамос эълон кард, ки барои суръат бахшидан ба ҷараёни музокироти сулҳ ва ба ҳадаф расонидани кӯшишҳои байналмилалӣ ба озод кардани 10 асири исроилӣ омода аст.
10.07.2025 07:29

Тоҷикистон расман хостори пайвастан ба лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ хоҳиши пайвастан ба лоиҳаи стратегии роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро иброз доштааст. Ин иқдом, ки ҳадафаш густариши ҳамбастагии нақлиётӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст, дар ҳошияи нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Чин матраҳ гардид.
10.07.2025 06:14

Рустами Эмомалӣ ва Садир Жапаров дар бораи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯ намуданд

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар мулоқоти расмӣ бо президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, масъалаҳои калидии робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни ду миллатро баррасӣ намуданд.
09.07.2025 13:39

Масъуд Пизишкиён: “Нетаняҳу кӯдакону занонро мекушад”

Такер Карлсон: - Ба назар мерасад, ки ҳоло танаффусе дар даргирии миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Ба назари Шумо, ин вазъият дар ниҳоят чӣ гуна ба поён хоҳад расид? Ва Шумо мехоҳед, ки ин даргирӣ чӣ гуна хатм шавад?