Пешвои миллат дар чорабинии идона бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод
Президенти кишвар бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот карданд
Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешвои миллат дар чорабинии идона бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
5-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
“Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳо, аз бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳо то рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба маротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб номиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1-уми октябри соли равон 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки танҳо 5-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав, аз ҷумла 15 корхонаи истеҳсолӣ, ифтитоҳ ёфта, зиёда аз 2500 ҷои нави корӣ муҳайё гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Афви байналмилал бар боздошти Нетаняҳу таъкид кард
Русия Украинаро муттаҳам ба талош барои эҷоди ҳодисаи ҳастаӣ кард
Огоҳӣ: дар баъзе минтақаҳо сел ва дар бархеи дигар хокбориш пешгӯӣ мешавад
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абу Аманӣ