Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Дастури раиси ҷумҳур ба раиси ноҳияи Дарвоз: ба хонаводаи модари ҷавони кушташуда кумак расонида шавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, субҳи 14-уми август бо Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз, суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.
Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Жасмина Ятимзода, модари ҷавоне, ки рӯзи 13-уми август кушта шудааст, изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба масъулон дастур додаанд, ки ба хонаводаи Ятимзода кумаки моддию маънавӣ расонида шуда, раванди тарбияи кӯдаки хурдсоли ӯ зери назорат гирифта шавад.
Гуфта мешавад, Жасмина Ятимзода рӯзи 13-уми август бар асари тирпарронии силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст.
Дар иттилоияи расмӣ ҷузъиёти бештар дар бораи ҳувияти силоҳбадастон ва сабабҳои рух додани ин ҳодиса оварда нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки вобаста ба ин ҳодиса сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад