1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
25.06.2025 15:51

Ванҷ: Ифтитоҳи Парки саноатӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд.

Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - Саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд. 

Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ, қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Қобил ба зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас карда мешаванд.

Истеҳсоли маҳсулоти парки мазкур дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамчунин, дар назар аст, ки  ба хориҷа низ содирот карда шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.