1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 04:24, Душанбе
20.02.2025 17:49

Қазоқистону Ӯзбекистон - маркази асосии сармоягузориҳои хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ

Мақомоти Қазоқистон бо барномарезӣ дар нақша доранд, ки то соли 2029 ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ дар иқтисодиёти кишварро ба 450 миллиард доллар афзоиш диҳанд.

Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгоҳи худро ҳамчун минтақаи аввалини сармоягузорӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ медорад. Гуфта мешавад, ки беш аз 60 дарсади тамоми сармоягузориҳо ба Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон сурат мегирад. Дар ин хусус, расонаҳои қазоқистонӣ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки барои расидан ба афзоиши сармоягузорӣ то ба андозаи 450 миллиард доллар, ҳукумати Қазоқистон дар нақша дорад, то соли 2029 боз 150 миллиард доллари дигар сармояи хориҷӣ ҷалб кунад.

Дар соли 2024 Қазоқистон ҳафт шарномаи сармоягузорӣ ба арзиши умумии 2,5 миллиард долларро ба имзо расонид. Инчунин, 107 шартномаи сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 8 миллиард доллар тартиб дода шудааст. 

Аз ибтидои соли 2025 то ба имрӯз аллакай шаш шартномаи сармоягузории хориҷӣ тасдиқ карда шудааст. Ҳаҷми сармоягузориҳо дар Қазоқистон ба 88 фоиз афзоиш ёфт ва ба 15,7 миллиард доллар расид.

Яке аз сармоягузориҳо аз ҷониби ширкати “UCC Holding” сурат гирифт. Ин ширкат дар ҳаҷми 11 миллиард доллар дар бунёди корхонаи коркард ва истеҳсоли газ, истгоҳҳои компрессорӣ ва лӯлаҳои гази магистарӣ сармоягузорӣ кард.

Моҳи ноябри соли  2024 ширкати “UCC Holding” музокирот анҷом дод ва барои хариди 75 фоиз саҳмияҳои гази майдони Кашаган ба созиш расид.

Тибқи иттилои Кумитаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2024 ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ дар Осиёи Миёна 27 фоиз афзоиш ёфта, ба 24, 8 миллиард доллар расидааст. Тибқи гузориши расонаҳо дар ин минтақа ду кишвар - Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба мақсади асосии сармоягузории байналмилалӣ табдил ёфтаанд.

Дар соли 2024 ҳаҷми сармоягузориҳои “Greenfield” дар Ӯзбекистон нисбат ба соли 2023 49 дарсад коҳиш ёфта, ба 4 миллиард доллар расид. Бо ин ҳол, кишвар ба технологияҳои сабз аҳамият медиҳад. Ширкати кореягии “Western Power” 152 миллион доллар дар бунёди корхонаи биотопливо дар вилояти Фарғона сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ворид шудани сармоягузории “Greenfield” ба Осиёи Шимолӣ ва Осиёи Миёна дар соли 2024 27 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард доллар расид.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2017 то ба имрӯз дар иқтисодиёти Ӯзбекистон дар ҳаҷми 188 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб шудааст, ки 87 миллиарди онро сармоягузории хориҷӣ ташкил медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.