23 Апрел 2025,
чоршанбе, 14:24, Душанбе
30.01.2025 17:09

Ҷавод Зариф: “Ин аввалин давлат дар Эрон аст, ки дар дуйумини қарни гузашта заррае хоки худро аз даст надодааст”

Муҳаммад Ҷавод Зариф, муовини роҳбурдии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо даъвати дастандаркорони Форуми ҷаҳони иқтисодии Давос ба Шветсария рафт. Дар нишасти иқтисодӣ ва ҳошияи Форум бо чеҳраҳои шинохта ва роҳбарони бархе кишварҳо дидору мулоқот намуд. Мусоҳибаи ӯ бо журналисти шинохтаи ҷаҳонӣ Фарид Закариё на фақат дар Эрон, балки дар минтақа ва ҷаҳон баҳсангез шуд. Дар ин ҷо, шакли мухтасари мусоҳибаи Муҳаммад Ҷавод Зарифро меоварем, ки паёмҳои муҳимми меҳанпарастона дорад ва метавонад барои мо роҳкори муносиб дар ҷиҳати ҳифзи манофеъи миллӣ ва меҳанпарстӣ бошад...

Фарид Закариё: - Меҳмони имрӯзи мо касест, ки ба муаррифӣ ниёз надорад. Бидуни шак, яке аз шинохтатарин чеҳраҳои Эрон дар се даҳаи гузашта аст, ки мардум бо он рӯ ба рӯ шудаанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон, сафири Эрон дар СММ ва ҳоло муовини роҳбурдии президенти Эрон аст. Ҷаноби Муҳаммад Ҷавод Зариф, хӯш омадед!

Муҳаммад Ҷавод Зариф: Хушҳолам, ки бо Шумо ҳастам.

Фарид Закариё: - Иҷоза диҳед бо баёни тасвире, ки акнун дар мавқеияти Эрон дар минтақа дорам, шуруъ кунам. Ба назари ман, метавон гуфт, ки Эрон ҳаргиз дар мавқеияти заифтар аз имрӯз набудааст. Шумо рӯйи Башор Асад дар Сурия шарти бузурге бастед, миқдори зиёди пул, аслиҳа ва гурӯҳҳои низомӣ сармоягузорӣ кардед, аммо Асад дигар нест. Ҳизбуллоҳ - муттаҳиди калидии шумо дар Лубнон се роҳбари худро аз даст дод ва неруҳояш башиддат заиф шудаанд. Шумо бо Ҳамос равобит доред, аммо раҳбарии Ҳамос нобуд шуда, зерсохтҳои тунелҳои он вайрон шудааст. Идеяи “Меҳвари муқовимат” – и ин гурӯҳи шибҳинизомие (неруи мусаллаҳе, ки аз шаҳрвандони одӣ ташкил шуда бошанд), ки қарор буд бо Исроил, кишварҳои араби Халиҷи Форс ва манофеъи Амрико муқобила кунанд, акнун ба назар мерасад, бисёр заифтар аз гузашта шудааст. Мутмаин ҳастам, ки Шумо бо ин назар мухолифат мекунед. Пас ба ман бигӯед, чаро?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Хуб, аввал иҷоза бидиҳед ду нуктаро матраҳ кунам. Агар ба ёд дошта бошед, дар соли 1982 Шарон ба Лубнон ҳамла кард ва то Бейрут пеш рафт. Зеро дар соли 1978 то рӯди Летонӣ пешравӣ карда буд, то фаластиниҳо натавонанд ба Исроил ҳамла кунанд. Аммо дар соли 1982 ӯ барои нобудии комили муқовимати фаластиниҳо то Бейрут пеш рафт ва Арафотро ба табъид ба Тунис фиристод. Аммо чӣ иттифоқе афтод? Аз соли 1981 то 1987: ҷиҳоди исломӣ дар соли 1981 шакл гирифт, Ҳизбуллоҳ дар соли 1982 ба вуҷуд омад ва Ҳамос байни солҳои 1985-1987 таъсис шуд. Бинобар ин, ман ба ҳеч кас тавсия намекунам, ки аз нобудии Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ё муқовимати Фаластин ё аз “қатъ кардани бозуҳои Эрон” хушҳол шавад! Чаро ки муқовимат то замоне, ки ишғолгарӣ вуҷуд дорад, идома хоҳад дошт; то замоне, ки саркӯб идома дорад, муқовимат низ идома хоҳад дошт. Муқовимат дар баробари Исроил, ишғолгарии Исроил, апортоид ва наслкушӣ қабл аз Инқилоби Эрон вуҷуд дошт.

Ин муқовимат дақиқан дар замоне қавитар шуд, ки Исроил ва Шарон фикр мекарданд, муқовиматро аз байн бурдаанд. Ҳамин ҳоло агар ба Ғазза нигоҳ кунед, Ҳамос ҳамчунон вуҷуд дорад. Натаняҳу натавонист ба ҳадафи худ барои нобудии Ҳамос бирасад. Ҳамос ҳамчунон вуҷуд дорад. Исроил маҷбур шуд, ба як оташбаси муваққат тан диҳад. Умедворам, ки ин оташбас доимӣ шавад, ба хотири 50 ҳазор нафаре, ки қатли омм шуданд! Як наслкушии воқеӣ тавассути Исроил! Ба хотири ин ки 50 ҳазор нафари дигар қатли омм нашаванд!

Муқовимат аз байн нарафтааст! Ба шумо бигӯям, ки умедҳо барои маҳв шудани муқовимат бар асоси як таҳриф будааст. Исроил ин ривоятро сохта, ки ин масъала на як масъалаи исроилӣ-фаластинӣ, балки як масъалаи исроилӣ-эронӣ аст. Ин нуктаи аввал! Нуктаи дувум, ба солҳои 1981-1982 баргардед ва то солҳои 2004 ва 2022 пеш биравед. Як маврид ба ман нишон диҳед, ки дар он Муқовимат ба ниёбат аз Эрон амал карда бошад? Онҳо ҳамеша барои ормони худашон амал карданд ва ҳеч вақт аз мо дастур нагирифтаанд. Мо аз ҳамлаи 7-уми октябр бехабар будем. Дар воқеъ, қарор буд дар 9-уми октябр ҷаласае бо амрикоиҳо барои таҷдиди БАРҶОМ дошта бошем, ки ба хотири ин амалиёт доир нашуд.

Фарид Закариё: - Аммо ин мавзуъ нишон медиҳад, ки барои Эрон сармоягузорӣ дар таъмини молии ин шибҳанизомиҳо, ки ҳатто манофеъи Эронро дунбол намекунанд, тасмиме бисёр нодуруст будааст.

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Биёед, дар бораи таъмини молӣ суҳбат накунем, чун хелеҳо дар ҳоли таъмини молии бисёр чизҳо ҳастанд ва муваффақ намешаванд! Биёед, фикр кунем рӯйи ин воқеият, ки мо аз ҳуқуқи мардум ҳимоят кардаем. Акнун иқдомҳои Исроил таҳти салоҳияти Девони байналмилалии додгустарӣ барои наслкушӣ қарор гирифтааст. Натаняҳу ва вазири дифои Исроил таҳти таъқиби қазоии Девони ҷиноии байналмилалӣ ҳастанд. Ҳоло чаро ман чунин чизе мегӯям? Чун агар мехоҳед масъалаи Фаластинро ҳал кунед, бояд ба худи решаи масъалаи Фаластин таваҷҷуҳ кунед. То замоне, ки ин масъала вуҷуд дошта бошад, мубориза идома хоҳад дошт. Муқовимат идома хоҳад ёфт ва ҳимоят аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла муттаҳидони арабии Амрико низ вуҷуд хоҳад дошт.

Фарид Закариё: -  Нуктаи шуморо гирифтам, аммо агар иҷоза диҳед, бо эҳтиром, Шумо ба суоли ман дар мавриди мавқеияти Эрон посух надодед. Шумо яке аз муттаҳидони калидиатон, яъне Башор Асадро аз даст додед ё ҳадди ақал муттаҳидатон Ҳизбуллоҳ хеле заифтар шудааст. Системаҳои падофанди ҳавоиятон вайрон шудаанд...

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Ин як иддао аст.

Фарид Закариё: - Гузоришҳое дорем, Шумо мегӯед, ки ин дуруст нест, аммо гузоришҳое аз фармондеҳони эронӣ вуҷуд дорад, ки дар мавриди ин мавзуъ суҳбат мекунанд, ки баҳои сангине барои ҳимоят аз Асад пардохтаанд. Оё ин дуруст нест, ки Шумо дар мавқеияти бисёр заифтар қарор доред?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Иҷоза диҳед, дубора чанд нуктаро матраҳ кунам. Мо бо Ироқ ҷангидем, замоне ки ҳеч падофанди ҳавоӣ надоштем. Замоне, ки ҳеч силоҳе надоштем. Замоне, ки Амрико ба Ироқ силоҳ медод, замоне, ки Фаронса ба Ироқ мушак ва ҷангандаҳои Мирож медод, замоне, ки Олмон ба Ироқ силоҳҳои химиявӣ медод, замоне, ки Британия ба Ироқ танк медод, замоне, ки Русия - Иттиҳоди Шӯравӣ дар он замон ба Ироқ мигҳо ва мушакҳои скод медод, замоне, ки Чин дар он замон ба Ироқ мушак медод. Мо ҳеч чизе надоштем. Мо ба муддати ҳашт сол дар баробари Ироқ истодем ва ҳатто як ваҷаб аз хоки худро вогузор накардем. Пас, аввалан, иддао дар мавриди нобудии падофанди ҳавоиямон як достон аст!

Фарид Закариё: - Шумо мегӯед, ки ин ҳодиса рух надодааст?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - На, мо осеб дидем. Аммо ин ба ин маънӣ нест, ки падофанди ҳавоиямонро аз даст додаем! Ва, дувум, ин ки мо алайҳи як артиш бо таҷҳизоти комил, ки тавассути ҳама таҷҳиз шуда буд, ҷангидем. Дар ҳоле, ки ҳеч кас барои ҳашт сол ба мо силоҳе намедод. Ва мо ҳатто як ваҷаб аз хоки худро аз даст надодем. Ва ин чизест, ки дар Эрон тайи 220 соли гузашта иттифоқ наяфтода аст. Дар 220 соли гузашта мо дар ҳар ҷанге, ки вориди он шудем, шикаст хӯрда будем. Ин аввалин давлате дар Эрон аст, ки дар дуюним қарни гузашта заррае хоки худро аз даст надодааст. Пас мо дар мавриди як давлати заиф суҳбат намекунем!

Ман ба суоли Шумо посух додам. Гуфтам, ки як маврид ба ман нишон диҳед, ки ин гурӯҳҳо, ки ба иштибоҳ “ниёбатиҳои эронӣ” номида мешаванд, ба намояндагӣ аз мо амал карда бошанд? Агар аз ҷониби мо амал намекунанд, чӣ таъсире бар қудрати мо доранд? Ҳоло шумо мумкин аст бигӯед, ки мо ба намояндагӣ аз онҳо дар арсаи дипломатӣ амал кардем ва ин ба мо қудрат бахшид. Аммо мо ҳеч гоҳ саъй накардем, ки сармоягузориамон дар минтақаро “нақд” кунем. Акнун Шумо мегӯед, ки ин як сармоягузории ғалат будааст. Аммо ман ва Шумо ба як мактаби фикрӣ дар улуми иҷтимоӣ тааллуқ дорем, ки танҳо ба қудрати моддӣ эътиқод надорад. Ҳар дуи мо ба қудрати маъноӣ (ангезишӣ) бовар дорем. Воқеият ин аст, ки Эрон метавонад мардумро дар хиёбонҳо дар манотиқи мухталифи дунё ба ҳаракат дароварад ва ин ба мо қудрат медиҳад, чӣ бо Ҳизбуллоҳ ва чӣ бидуни он. Мо ҳанӯз он қудратро дорем. Ҳанӯз метавонем мардумро ба таҳрик дароварем ва илҳомбахши онҳо бошем. Ҳамон тавр, ки дар оғози инқилоб ин корро кардем. Мумкин аст ба хубии гузашта набошад, чун мо костиҳое доштаем, ки бояд рӯйи онҳо кор кунем.

Ҳоло иҷоза диҳед, он чи дар маҷаллаи “Foreign Affairs” навиштам ва Шумо ҳам хондаед, бигӯем. Ҳол вақти он расида, ки ба пеш ҳаракат кунем. Мо ба муҳити атрофи худ ба унвони таҳдид нигоҳ кардаем, ба хотири таърихамон. Ҳоло, борҳову борҳо собит кардаем, ки мо дигар луқмаи осоне барои балъидан нахоҳем буд! Қаблан будаем! Манзурам ин аст, ки ингилисҳо ва русҳо Эронро тасарруф карданд ва пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум қаҳтиро ба мо таҳмил карданд. Аммо имрӯз ҳеч кас фикр намекунад, ки метавонад ба роҳатӣ иродаашро ба Эрон таҳмил кунад! Пас, биёед ба ҷойи итако ба таҳдид, бар асоси фурсатҳо ба пеш ҳаракат кунем.

Фарид Закариё: - Пас, биёед дар мавриди ин мавзуъ суҳбат кунем. Иҷоза диҳед аз ин ҷо шуруъ кунам. Амрико мегӯяд Эрон танҳо чанд ҳафта ё шояд чанд рӯз барои гурез ба силоҳи атомӣ фосила дорад. Оё ин дуруст аст ва оё қасд доред, ин корро анҷом диҳед?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Агар мо мехостем силоҳи атомӣ бисозем, муддатҳо пеш метавонистем ин корро анҷом диҳем. Барномае, ки барои сохти силоҳи атомӣ бошад, шабоҳате ба барномаи мо надорад. Шумо силоҳи атомиро дар озмоишгоҳҳои пинҳонӣ месозед, ки таҳти баррасии байналмилалӣ қарор надошта бошанд! Касоне, ки нигарони барномаи атомии мо ҳастанд, мисли исроилиҳо мегӯянд, ки мо танҳо чанд рӯз то сохти силоҳи атомӣ фосила дорем. Пас чаро онҳо аз БАРҶОМ истиқбол накарданд? БАРҶОМ ҳатто дар бадтарин таҳлил Эронро ҳадди аққал ба муддати 15 сол аз дастёбӣ ба силоҳи атомӣ дур нигоҳ медошт. Пас, касоне, ки мегӯянд, Эрон ба зудӣ силоҳи атомӣ хоҳад дошт, яъне Натаняҳу аз соли 1994 ё 1996 гуфта, ки Эрон дар шаш моҳи оянда силоҳи атомӣ хоҳад дошт. Ҳоло ҳудудан сӣ сол аз он замон гузашта ва ҳанӯз чанд рӯз то силоҳи атомӣ фосила дорем!

Ин чизест, ки мо дар истилоҳи тахассусии худ ба он “амниятисозӣ” мегӯем, на амният. Ин таҳдиди амниятӣ нест. Бархе мехоҳанд Эронро ба унвони таҳдиди амниятӣ муаррифӣ кунанд. Эронҳаросӣ ва исломҳаросӣ абзорҳое ҳастанд барои иқдомоте монанди наслкушӣ дар Ғазза! Ҳамеша мегӯянд алайҳи Эрон вориди амал мешавем! Аммо шумо алайҳи кӯдакони Ғазза вориди амал шудаед!

Фарид Закариё: - Дар мавриди мақолае, ки дар “Foreign Affairs” навиштаед, мепурсам. Шумо дар он ишора кардед, ки дар давраи Трамп мумкин аст фурсате барои як тавофуқ бо Эрон вуҷуд дошта бошад. Ман аз ин мавзуъ тааҷҷуб кардам, чун Трамп ҳамон касест, ки аз тавофуқи атомии Эрон хориҷ шуд. Чаро фикр мекунед,  касе, ки аз БАРҶОМ хориҷ шуд, таҳримҳои Амрикоро дубора бар зидди Эрон барқарор кард ва гуфт, ки мехоҳад “фишори ҳаддиаксарӣ” бар Эрон биёварад, метавонад як фурсат бошад?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Ҳамеша умед ҳаст, ки мардум ақлониятро интихоб кунанд. Аммо ҷиддитар иҷоза диҳед, як раванди замонӣ ба Шумо ироа бидиҳам. Ҷон Болтон дар феврали соли 2017 ба Порис рафт.

Фарид Закариё: - Замоне, ки мушовири амнияти миллии Трамп буд?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - На! Ӯ мақолае дар авохири соли 2016 навишт, ки нақшаи роҳе барои Трамп барои хуруҷ аз БАРҶОМ ироа медод. Дар феврали соли 2017 ба Порис рафт ва дар як гирдиҳамоии “муҷоҳиддини халқ” (мухолифони режими имрӯзии Эрон - шарҳи мо) суҳбат кард. Фикр мекунам, изҳоротномаи молиётии ӯ нишон медиҳад, ки барои ин кор 40 ҳазор доллар дарёфт карда буд. Ба ман гуфтаанд, ки ӯ дар изҳоротномаи молиётии худ дурӯғ гуфта, бинобар ин, мумкин аст бештар аз ин дарёфт карда бошад....

Фарид Закариё: - Ин гурӯҳ аз сарнагунии давлати Эрон ҳимоят мекунад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Ин гурӯҳ муддате дар феҳристи созмонҳои террористии Амрико қарор дошт. Ӯ дар ҳамон суханронӣ гуфт: “Дафъаи баъд, соли оянда, дар Теҳрон!”. Сипас, дар апрел ба унвони мушовири амнияти миллӣ мансуб шуд! Пампео дар 26-уми апрел ба унвони вазири хориҷа таъйин шуд. Ӯ дар 29-уми апрел ба Исроил рафт ва аз Натаняҳу хост, ки он намоиши музҳикро дар бораи “асноде”, ки аз Эрон кашф карда буданд, ба роҳ бияндозад. Трамп дар 8 моҳ аз тавофуқ хориҷ шуд. Агар ба ин силсилаи воқеаҳо нигоҳ кунед, ман далоиле дорам, - аз он чи ки аз раҳбарони кишварҳои дигар шунидам, ки нишон медиҳад, онҳо Трампро ба ду чиз қонеъ карда буданд. Аввал ин ки Эрон дар ҳоли фурӯпошӣ буд ва хуруҷи ногаҳонӣ аз тавофуқ охирин мех бар тобути Эрон хоҳад буд. Дувум, ин ки бо ин асноди ҷаълӣ, ки Натаняҳу нишон медод, ҳимояти байналмилалӣ аз Амрико барои хуруҷ аз тавофуқ ҳосил хоҳад шуд!

Пас, умедворам, ки ин бор Трампи 2 ҷиддитар ва воқеъгаротар бошад. Бидонад, ки ин хуруҷ ба ӯ таҳмил шуд ва худаш ҳам гуфта, ки ин корро барои Исроил анҷом дод ва имрӯз мегӯяд, ки дигар барои ҳеч кишвари дигаре ҳеч коре нахоҳад кард. Ӯ инро дар маросими савгандаш гуфт.

Фарид Закариё: - Дар Вашингтон афроде ҳастанд, ки дар бораи як тавофуқи ҷадид суҳбат мекунанд. Як тавофуқи атомии ҷадид бо Эрон, ки шомили тааҳҳуде аз сӯйи Эрон мабнӣ бар адами идомаи ҳимоят аз неруҳои ниёбатӣ ё...

Муҳаммад Ҷавон Зариф: - Мо ҳеч гоҳ неруҳои ниёбатӣ надоштем. Бубинед! Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар ин таъкид дошт, ки бояд тавофуқи минтақаӣ дошта бошем. Ҳоло мо як тавофуқи минтақаӣ дорем. Равобити хубе бо Арабистони Саудӣ дорем, равобити хубе бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дорем. Ман дар мақолае, ки ба тозагӣ дар “Экономист” навиштам, пешниҳод кардаам, ки бояд як тавофуқи ҷадид дар ин минтақа дошта бошем. Ман онро тарҳи “муваддат” номидам. Анҷумани гуфтугӯи Ғарби Осиё мухаффафи он дар забони арабӣ “муваддат” аст. Яъне, дӯстӣ. Титри мақолаи “Экономист” “Муваддат ба ҷойи душманӣ” буд! Биёед мо пеш биравем. Мо ба ин ҷо расидаем.

Мегӯянд “бозуҳои мо қатъ шудааст?” Пас ҳоло аз чӣ чизе нигаронанд? Агар Эрон дар минтақа ҳеч қудрате надошта бошад, агар бозувони Эрон...

Фарид Закариё: - Манзур тааҳҳуд ба адами ҳимоят аз бозсозии онҳо аст. Оё Шумо чунин чизеро дар назар хоҳед гирифт?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Мушкил инҷост, ки адрес иштибоҳ аст! Адреси муқовимат дар минтақа дар Тел-Авив аст. Дар наслкушии исроилӣ, ишғол, апортоид ва нақши ҳуқуқи фаластиниҳо аст. Адрес дар Теҳрон нест! Иёлоти Муттаҳида ва Исроил барои панҷоҳ соли оянда ҳам метавонанд Эронро таҳти фишор қарор диҳанд! Ин масъалаи Фаластинро ҳал нахоҳад кард.

Агар мехоҳед масъалаи Фаластин ҳал шавад, танҳо роҳи ҳал ва, ман фикр мекунам, ки ҳам касоне, ки дар Давос - 2025 суҳбат кардаанд, эҳтимолан ба ҷуз марде, ки дирӯз бо ӯ суҳбат кардед, бар ин таъкид кардаанд, ки танҳо роҳи ҳал ташкили як давлати фаластинии пойдор аст. Эрон ҳамеша аз муборизаи мардум барои ҳуқуқи инсониашон, барои ҳаққи таъйини сарнавишташон ҳимоят кардааст ва мо ба ин ҳимоят идома хоҳем дод. Аммо ин иллат нест! Бояд муборизае вуҷуд дошта бошад, то шумо аз он ҳимоят кунед. Ҳимояти шумо муборизаро эҷод намекунад. Мубориза вуҷуд дорад. Як далел барои муқовимат вуҷуд дорад, ки вобаста аз ишғол, таҷовуз ва нақзи ҳуқуқи башар аст. Магар ин роҳи ҳал ба даст ояд, муқовимат бештар хоҳад шуд, гурӯҳҳои бештаре хоҳанд омад, бо ё бидуни кумаки Эрон.

Фарид Закариё: - Бигзоред, дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон аз шумо пурсам. Ман дар соли гузашта чандин бор дар Арабистони Саудӣ будам. Занони Саудӣ ба ман омаданду гуфтанд, ки бисёр ифтихор мекунанд, ки ҳоло дар Арабистони Саудӣ занон ҳуқуқи бештаре нисбат ба Эрон доранд. Президенти ҷадид гуфтааст, ки қарор аст, имкони инро фароҳам кунад, ки занон ҳар чизе, ки мехоҳанд, бипӯшанд. Ин ки дигар ниёзе ба пӯшидани рӯсарӣ набошад ва аз он чи ки ман онро озори занон тавассути гашти иршод медонам, пешгирӣ шавад. Ин ҳанӯз ба назар намерасад, ки иттифоқ афтода бошад. Оё ин иттифоқ хоҳад афтод?

Муҳаммад Ҷавод  Зариф: - Хуб, бубинед. Ман, ки дар шаклгирии ҳукумати Эрон нақше доштаам, ифтихор мекунам. Дар ҳукуматамон чаҳор зан дорем. Дар сатҳи вазорат.

Фарид Закариё: - Оё ин занон метавонанд бидуни пӯшиши мӯ дар ҷаласаҳои ҳукумат зуҳур пайдо кунанд?

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Хуб, онҳо интихоб кардаанд, ки ин корро накунанд, чун ба қонунҳои кишвар эҳтиром мегузоранд. Ҳоло, агар ба хиёбонҳои Теҳрон биравед, хоҳед дид, ки бисёре аз занон мӯйҳои худро намепӯшонанд. Ин хилофи қонун аст, аммо давлат тасмим гирифтааст, ки занонро таҳти фишор қарор надиҳад. Ин ваъдаҳое буд, ки президент Пизишкиён дод ва ин ваъда дар ҳоли иҷро аст. Ӯ иҷрои қонунро бо мувофиқати аркони низом боз дошт. Манзури ман раҳбарии кишвар нест. Манзур аркони кишвар аст, монанди раиси маҷлис, раиси қувваи қазоия, Шурои амнияти миллӣ ва дигарон. Пас, мо дар масири дуруст ҳаракат мекунем. Барои аввалин бор ақаллиятҳои қавмии мо ба унвони раиси вилоят дар Курдистон ва Балуҷистони Эрон мансуб шудаанд. Мо як узв аз ақаллият дар ҳукумат дорем. Бинобар ин, масоиле ҳаст, ки президент Пизишкиён ба унвони фарди масъули ташкили ҳукумат ба онҳо ифтихор мекунад. Ман низ хеле ифтихор мекунам. Ин як гом дар масири дуруст аст.

Фарид Закариё: - Дар Эрон афроди тундраве ҳастанд, ки Шуморо дӯст надоранд. Дар воқеъ, Шумо дар ҳоли ҳозир - ман ҷузъиёти комилро намедонам, аммо гуфта мешавад, ки онҳо Шуморо ба додгоҳ кашонидаанд ё парвандаҳое бар зидди Шумо дар додгоҳ ташкил додаанд, то Шуморо аз шуғли кунуниатон барканор кунанд. Оё муваффақ хоҳанд шуд? Асосан далелашон ин аст, ки фарзандони Шумо тобеияти амрикоӣ доранд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Фарзандони ман дар Амрико ба дунё омадаанд.

Фарид Закариё: - Пас онҳо шаҳрванд бар асоси ҳаққи таваллуд ҳастанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Замоне, ки донишҷӯ будем.

Фарид Закариё: - Оё ин талош муваффақ хоҳад буд ва муҳимтар аз он, оё ин нишон намедиҳад, ҳамон тавр ки президенти Исроил гуфтааст, ки тундравҳое, ки маъмулан ба унвони касоне, ки сиёсатҳои амниятии аслиро назорат мекунанд, шинохта мешаванд, ба афроде мисли Шумо эътимод надоранд? Онҳо мехоҳанд сиёсатгузорӣ кунанд ва он чи Шумо дар маконҳое мисли Давос мегӯед, барояшон аҳамияте надорад. Чун дар воқеъ онҳо ҳастанд, ки умурро мудирият мекунанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Дар воқеъ, ин тавр нест, чун ман ин ҷо ҳастам. Агар онҳо мудирияти корҳоро дар даст доштанд, тибқи дидгоҳашон, ман ҳатто иҷоза надоштам, дар хиёбонҳо қадам бизанам. На фақат хиёбонҳои Давос, балки ҳатто хиёбонҳои Теҳрон. Аммо ин нишон медиҳад, ки Эрон як ҷомеаи таксадоӣ нест. Мо садоҳо ва дидгоҳҳои мухталифе дорем ва наметавонем онҳоро саркӯб кунем. Дар бархе ҷойҳо, замоне садоҳои пешрафтро хомӯш мекарданд, дар замони дигар, садоҳои суннатиро. Аммо мо ин корро намекунем!

Садоҳои пешрафт, садоҳое - ман ин барчаспҳоро дӯст надорам, аммо садоҳое, ки тарафдори сиёсатҳои бозтар ҳастанд, бисёр фаъоланд. Садоҳое, ки мухолифи мо ҳастанд, низ бисёр фаъоланд. Онҳо дар интихобот мебозанд, дар интихобот мебаранд. Дар ин интихобот мо баранда шудем, аммо рақобати бисёр наздике буд. Барои аввалин бор дар зиндагиям  кори “дохилӣ” анҷом додам. Дар ин корзори интихоботӣ буд. Ва маҷбур шудам аз шаҳре ба шаҳри дигар барои президент Пизишкиён таблиғ кунам. Як рақобати воқеӣ, бо як интихоби воқеӣ. Агар имрӯз ба ҷойи президент Пизишкиён, президент Ҷалилӣ доштед, мумкин буд як ҷанг дар минтақа дошта бошед.

Фарид Закариё: - Ҷаноби муовини президент, хушҳол шудам аз ҳузури Шумо!

Муҳаммад Ҷавод Зариф: - Хуб аст, ки дубора шуморо дидам, Фарид.

Баргардон: Dialog.tj

Хатти хабарҳо

23.04.2025 13:32

Ҳамлаи маргбори террористӣ ба Кашмир сафари Модӣ ба Арабистони Саудиро нотамом гузошт

Баъд аз ҳамлаи маргбор ба сайёҳон дар Кашмири зери назорати Ҳиндустон, Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон, сафараш ба Арабистони Саудиро нотамом гузошта, ба Деҳлӣ баргашт. Сарвазири Ҳиндустон ин ҳамларо, ки сайёҳони хориҷиро ҳадаф қарор додааст, шадидан маҳкум карда, таъкид намуд, ки омилони он ба зудӣ шиносоӣ шуда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
23.04.2025 09:20

Як зани узви хонадони подшоҳии Афғонистон ёвари муовини Вазири корҳои хориҷаи Амрико таъйин шуд

Морӣ Кабир Сироҷ Бешопинг, як зани 33-сола аз насли хонаводаи подшоҳии Афғонистон ба ҳайси ёвари муовини Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон таъйин шуд.
23.04.2025 09:08

Эмомалӣ Раҳмон бо Искандар Муъминӣ “таҳдиду хатарҳои замони муосир”-ро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои робитаҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
23.04.2025 07:49

Мирзозода ва Эҷеӣ масъалаи Ғазза ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад дар ҳошияи Нишасти 20-уми роҳбарони низоми судии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо раиси Суди Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ мулоқот намуда, масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ кард.
22.04.2025 15:18

Вакилони қирғиз санаи баргузории интихоботи президентиро тағйир доданд

Вакилони “Жогорку Кенеш”-и Ҷумҳурии Қирғизистон тағйири қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи президентии Ҷумҳурии Қирғизистон” –ро қабул карданд, ки бар асоси он санаи баргузории интихоботи нави президентӣ мушаххас мешавад.
22.04.2025 14:44

Халилзод: “Покистон бо баҳонаи депорти муҳоҷирон “ДОИШ”-ро ба Афғонистон мефиристад”

Зулмай Халилзод сафири пешини Амрико дар Кобул ва намояндаи махсуси Доналд Трамп дар умури Афғонистон гуфт, ки Покистон эҳтимолан ба баҳонаи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ДОИШ-ро ба Афғонистон мефиристад.
22.04.2025 14:31

Тоҷикистон ва Туркия дар Истамбул масъалаи лағви раводидро баррасӣ карданд

Дар Истамбул – пойтахти Ҷумҳурии Туркия машваратҳои дуҷонибаи консулгарӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус, дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
22.04.2025 13:53

Хушҳолии Трамп аз музокира бо Эрон: “Музокироти хеле хубе доштем”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду рӯз пас аз даври дуюми музокироти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шаҳри Рим баргузор гардид, музокироти дипломатҳои ду кишварро “хеле хуб” тавсиф кард.
22.04.2025 13:38

Ӯзбекистон дар ду соли оянда 2983 микро-неругоҳи барқи обӣ месозад

Бо мақсади таъмин намудани талаботи рӯзафзуни кишвар бо сарчашмаҳои энергетикӣ ҳамасола як қатор ташаббусҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ин чораҳо дар панҷ соли охир истеҳсоли неруи барқ 30% афзоиш ёфта, ба 81,5 миллиард киловатт-соат расид.