3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
05.07.2025 14:13

Танҳо як рӯз. Даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор мегардад

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро роҳандозӣ мекунад.

Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад, довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанд, имкон доранд дар даври дуюми имтиҳонҳо иштирок намоянд.

Гуфта мешавад, ки даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо танҳо як рӯз - 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт баргузор мегардад.

Бинобар иттилои дастрас, муҳлати пешниҳоди ариза оид ба иштирок дар даври дуюми  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то 9-уми июл муқаррар гардидааст ва довталабон бояд дар ариза макони имтиҳонсупориро ишора намоянд.

Ҳамчунин, барои иштирок дар даври дуюми имтиҳонҳо довталабонро мебояд маблағи иловагӣ супоранд, ки ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.