29 Сентябр 2026,
сешанбе, 16:29, Душанбе
28.01.2025 17:06

Дафтари шеъраш ҳам кони панҷ буд…

Ба муносибати 90-солагии шоири бачаҳо Наримон Бақозода.

5-уми майи соли 2000 бо даъвату ташаббуси ҳукумати вилояти Хатлон дар қатори адибони бачаҳо Бобо Ҳоҷӣ, Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Маҳбуба Неъматзода, шоирони халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб ва Хайрандеш бандаро ҳам саодати иштирок дар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоб ва суруди бачаҳо” ба шаҳру ноҳияҳои вилоят насиб гардид. Ҳукумати вилоят ба ихтиёри мо як мошини тамғаи “Газел” дод. Роҳбари гурӯҳ шоири зиндаёд Наримон Бақозода буд.

Рӯзи сеюми сафар ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ расидем. Дар ҳар маҳфил суханро нахуст ба Бақозода медоданд ва муаллим ба саҳна баромада, ду шеър мехонд: яке суруди машҳураш – “Офтобак механдад”, дигаре – “Мавлонпишак”. Вақте шоир ин мисраъҳоро қироат мекард,

Офтобак механдад,
Зебо механдад!
Бар ту, бар ман, бар олам,
Бар мо механдад:
Ҳо-ҳо-ҳо-ҳо-ҳо,
Ҳо-ҳо-ҳо-ҳо-ҳо!..

аҳли толор ба ӯ ҳамовоз шуда механдид.

Ҳангоми қироати шеъри дуюм бачаҳо саропо гӯшу ҳуш мешуданд, вале баъди шунидани байти охир садои хандаву кафкӯбӣ толорро ба ларза меовард.

Бедор шуда ногаҳ,
Биншиста сари ҷогаҳ,
Дар паҳлуяки болин,
Дар рӯи гули қолин,
Мавлонпишаке дидам,
Марги мушаке дидам.
Не чашми калонаш буд,
Не гӯшу даҳонаш буд.
Як раҳ на мияв мегуфт,
Не гӯшти палав мегуфт.
Аммо ба бари ман буд,
Дар пеши сари ман буд.
Пойида маро мехуфт,
“Ҳозир мехӯрам!” – мегуфт.
Ман дида наваҳмидам,
Андешида фаҳмидам:
Он чи ки ба бар будаст,
Ин телпаки сар будаст.

Он замон Тоҷикистони мо аз ҷанги шаҳрвандӣ нав халос шуда, қомат рост мекард ва адибон ба мактабҳо аҳён-аҳён мерафтанд. Дар ҳамин сафару вохӯриҳо мо ба ҳунару истеъдод ва сардору роҳбалади хуб будани муаллим Наримон Бақозода аҳсант гуфтем. Он кас медонист, ки нафақат бачаҳо, балки адибон низ хонандагонашонро пазмон шудаанд ва аз ин сабаб бо раисони ноҳияҳою сарварони мактабҳо пешакӣ маслиҳату машварат ороста, маҳфилҳоро дар сатҳи баланд баргузор мекард.

Дар ду ноҳия ба адибон туҳфаҳои хотиравӣ супурда, ҷомаю тоқӣ пӯшониданд. Рӯзи 8-уми май ба сарҳади Панҷ расидем. Моро инсони басе хоксор, ходими намоёни давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров, ки он замон раиси ноҳия буд, бо тантана пешвоз гирифт. Рӯи сабза қолин густарда хӯрок хӯрдем. Шукурҷон Зуҳуров дид, ки чанд курсии мошини моро қуттиҳои туҳфа ва бисту чанд ҷома банд кардаанд, шӯхӣ кард:

– Баъди ҷомаю тоқии моро гирифтан ба шумо дар мошин ҷой намемонад!

Наримон Бақозода ба шӯхӣ бо шӯхӣ ҷавоб дод ва ҳама хандидем, ба қавле, симхори сарҳад даҳҳо сол инҷониб ин гуна хандаи баланду самимиро нашунида буд:

– Мегирем, – гуфт Бақозода, – ҷой нарасад, пиёда меравем!

Наримон Бақозода инсони ҷиддӣ буд, одатан кам гап мезад, вале дар мавридаш сухани хотирмон мегуфт. Ин ҷо бамаврид аст зикр кунам, ки шеърашро хонда, бовар мекардӣ, ки инсони беҳад шӯху ширинкор аст. Лаззати шеъри муаллим ҳам дар ҳамин аст. Охир, он чи барои мо ва дар назари мо шӯхӣ менамояд, барои бачаҳо табиӣ ва ҷиддӣ аст.

Шоири маъруфи мо Наримон Бақозода 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи рӯзноманигори маъруфи «Овози тоҷик» Абулато Бақозода ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1960), ходими адабӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1967), мудири шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» (1967-1970), муҳассили мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм», сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳаррири Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография (1970-1974), котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (1974-1979), муовини аввали раиси Кумитаи Тоҷикистонии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистонии Хазинаи сулҳ (1974-2003) буд.

Наримон Бақозода асосан барои бачаҳо эҷод кардааст. Муаллифи маҷмуаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Шаш ҳикояти пахта» (1980), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо – кони панҷ» (1985), «Алифбои дилкушо» (1997), киносенарияи «Пули ларзон», намоишномаҳои «Бузаки ҷингилапо» (1975), «Кадри ҳавоӣ» (1993), «Бахтатро бедор кун!» (1985), «Ҳасанак-алфасанак» (1990), «Биё, Барфибобо, биё, Соли Нав!» (2003), операҳои нахустини бачагонаи «Хонаи Заргӯшбибӣ» (1986), «Ҷингилапо» (1987 ) ва бо забони русӣ «Хандалак» (1969), «Ишь ты, озорной!» (1974), «Что всего слаще?» (1986), «Детский парк» (1990), «Гулдара» (1979, бо забони ӯзбекӣ), «Сӯзанда не, созанда шав» (2002), «Дунё ба умеди ман» (2003), «Озод шав» (2005), «Сайри боғи даҳ адад» (2006) мебошад. Асарҳои як қатор адибони рус, ӯзбек, қирғиз, туркман, озар, украину беларус, аз ҷумла, афсонаи машҳури К. Чуковский «Доктор Айболит»-ро тарҷума кардааст.

Хизмату заҳмати Наримон Бақозода бо унвонҳои Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1995), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Нишони фахрӣ»-и Кумитаи сулҳи ба номи Жолио Кюрӣ (Олмон), медали тилои Федератсияи сулҳу ризо, Хазинаи Байналхалқии Сулҳ қадр карда шудааст.

Профессор Ҷонон Бобокалонова гуфта буд, ки калонсолон агар аз табиати бачаҳо огоҳ набошанд, шеъру ҳикоя ва афсонаи басо омиёна, пур аз насиҳату таъкид, ҳатто таҳдидро осонфаҳм гуфта, бачагона меҳисобанд ё ба адабиёти кӯдак мансуб медонанд. Вале ҳаргиз чунин нест. Хонандаи азиз, агар эътибор дода бошад, қариб тамоми хонандагони синфҳои ибтидоӣ шеърҳои барои хурдсолон эҷоднамудаи устод Айниро, ки бо мисраъҳои “Биёед, эй рафиқон дарс хонем…”, “Айёми баҳору бомдодӣ…”, “Эй монда қадам ба роҳи мактаб…” оғоз мешаванд, азёд медонанд, аммо на ба он далел, ки муаллифи ин шеърҳо сардафтари адабиёти муосири мо мебошад, балки ин чанд шеъри устод Айнӣ сирф кӯдаконаанд. Барои бача аҳамият надорад, ки кӣ шеър гуфтааст, бачаро аз шеър он чи хуш меояд, ки шоир чӣ гуфт ва чи тавр гуфт. Ҳаштод сол боз “О, барречеки масти ман”, “Трактор омад”, “Фирӯзаҷон хобидааст”-и Абдусалом Деҳотиро бачаҳо фаромӯш намекунанд. Бисёр шеърҳои Мирсаид Миршакар вирди забони пиру барноанд. Мутаассифона, агарчи шоирони бачаҳои мо кам нестанд, вале аз баъзе адибон хурдсолон ё чизе намедонанд, ё иҷборану ночор аз ёд кардаанд.

Ошно шуданам бо эҷодиёти Наримон Бақозода бо шеъри “Соати ман” оғоз шудааст, ки аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта маҷаллаи “Машъал” дар ду саҳифа чоп карда буд ва ман дар синфи дуюм ё сеюм таҳсил мекардам. Чанд пораи ин шеър ҳанӯз дар ёдам ҳаст:

Дорам аҷаб соате,
Соати тилло.
Беҳтар аз соати
Нуқраву тилло.
Созтар аз соати
Хокиву обӣ,
Қанд бизан, ҷӯраҷон,
Агар ки ёбӣ!
…Соати ман вақтро Дақиқа донад,
Ҷои ҷарангосзанӣ Ашӯла хонад…
Бегаҳӣ бо ёр-ёр,
Байту бадеҳа
Гашта биёрад савор
Моро ба деҳа…

Наримон Бақозода дар як мусоҳибааш ба хабарнигоре гуфта буд, ки понздаҳ сол аст барои бачаҳо шеър мегӯяд ва мушоҳида кардааст, ки атфол суруду таронаи зиёд ва хуб надоранд. Ҳамин тавр шоир як силсила суруд эҷод кард, ки “Офтобак механдад” яке аз онҳост. Албатта, ҳар шеъри Наримон Бақозода оҳанги хос дорад, гоҳо мисли тарона замзама мекуниву гоҳо шумурак ё тезгӯяк меҳисобӣ. Аммо ба шеъру таронаи мардумӣ наздик будани онро касе рад карда наметавонад. Мазмуни шеъри “Ҷӯраи ҷонам” моҷарою хархашаи бемаънии ду ҳамсинф аст, бо забони кӯдак ва шеваю лаҳҷаи хоси ӯ гуфта шудааст, аз ин сабаб ҳангоми хондан ҳайрон мемонӣ, ки ба ҳоли ҷӯраҳо бихандӣ ё гиря кунӣ.

…Ман давидам, ӯ давид,
Ҳарду давидем.
Ман шапидам, ӯ шапид,
Ҳарду шапидем.
Ҷомаи ӯ аз танаш
Ҷаррӣ ҷудо шуд,
Куртаи ман якта буд,
Шартӣ дуто шуд…

Шоири маҳбуби бачаҳо басо пуркор, ҷӯянда ва тозакору баҷуръат буд, анъанаҳои адабиёти ҷаҳон ва фолклори тоҷикро омӯхта, дар асарҳояш татбиқ менамуд ва роҳу усули тасвирро пайдо мекард. Профессор Ҷонон Бобокалонова барҳақ зикр намуда буд, ки дар достонафсонаҳои ӯ сужаи анъанавии фолклори миллӣ бо дастовардҳои ғоявию эстетикии назми муосири рус ва дигар халқҳо омезиш ёфта, заминаи пайдоиши навоварӣ гардидааст. Мисоли ин гуфтаҳо асарҳои саҳнавии “Қиссаи Аҷузкампир ва як ҳарфи алифбо”, “Як рӯз ва як умр ё гирёнбед”, “Алифбои дилкушо”, “Бузаки ҷингилапо”, “Бахтатро бедор кун”, “Ҳасанак-алфасанак” родионамоишномаи “Истиқболи Барфибобо” мебошанд, ки баъдтар барои адибони дигар манбаи илҳом шуданд ва дар садою симои Тоҷикистон давомдор гардиданд.

Наримон Бақозода шеъри аввалини худро вақте гуфтааст, ки шогирди мактаб буд. Китоби нахустинаш “Гулдара” соли 1969 ба чоп расид. Чандин шеъри ин китобча – “Хурӯсаки қут-қутӣ”, “Шапалак”, “Мавлонпишак”, “Шакарангушт” ҳанӯз ба хурдсолон шавқу завқ мебахшанд. Теъдоди ин китоб соли 1974 дар Маскав бо забони русӣ (“Ишь ты, озорной”) 200 ҳазор буд!

Гуфтем, ки як хусусияти муҳими эҷодиёти Наримон Бақозода оҳанги шеъру таронаи мардумӣ доштанаш аст. Ин ду байти як шеъри муаллим аз кадом таронаи бачагонаи халқӣ кам аст?!

Лелак лелаки боқӣ,
Соқӣ пӯшида тоқӣ.
Тоқияки оҳорӣ,
Гулаш гули баҳорӣ.

Ва ҳар хонандаи хуб шеъри “Мӯрчабибӣ”-ро ду бор аз китоб хонда, бемалол аз ёд мекунад:

Мӯрчабибӣ хона рӯфт,
Мӯрчабибӣ шолӣ кӯфт.
Мӯзачаи локӣ дӯхт,
Куртачаи шоҳӣ дӯхт.
Сонӣ давид дар ба дар,
Кард ба тӯяш хабар.

Агарчи Наримон Бақозода чун шоир машҳур аст, вале фақат ба эҷоди шеъри анъанавӣ машғул нашуда, дар ҳар жанри ба адабиёти бачаҳо хос, ба қавле, қувваозмоӣ кардааст. Ӯ чистон, тезгӯяк, либретто, суруд, афсона, ҳикоя, ҳаҷвия, фелетон, нақиза, достон, очерку мақола навишта, ба таҳияи филмҳои ҳунарӣ, навиштани асарҳои саҳнавӣ ҳам машғул шудааст. Дар драматургияи бачагонаи тоҷик муаллифи либреттоҳои нахустин операҳои тоҷикии “Ҷингилапо” (соли 1979), “Хонаи Заргӯшбибӣ” (соли 1980), ораторияи “Сӯзанда не, созанда шав!” (соли 2001) низ Наримон Бақозода эътироф шудааст.

Барои бача калимаҳои такрор дар шеър ҳамеша хушоянданд, талаффузи онро меписандад ва ин санъат ба хурдсолон имкон медиҳад, ки шеърро зуд азёд кунанд ва албатта, аз ёдашон намеравад. Шоир санъати такрорро дар шеъраш басо бамаврид ва сахт хотирмон истифода мекунад, баъзе бандҳо ба шумурак табдил ёбанд ҳам, маънӣ барбод намеравад:

“Маро боғча набаред!” –
Ванг, ванг, ванг!
“Боғчаро ин ҷо оред!” –
Ванг, ванг, ванг!

Баъзе шеърҳо агарчи кӯтоҳанд, боз ҳам ба истилоҳ шеъри бачахӯрак боқӣ мондаанд….

Азизи АЗИЗ,
нависанда

Источник: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Хатти хабарҳо

29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.