16 Июл 2025,
чоршанбе, 02:13, Душанбе
19.10.2024 11:34

Муаллифи "Тоҷикон дар масири таърих даргузашт

Нависанда ва пажӯҳишгари маъруфи тоҷик Мирзо Шукурзода дар пайи бемории тулонӣ дар синни 75-солагӣ аз дунë даргузашт.

Мирзо Шукурзода имсол ба дарëфти унвони баланди "Нависандаи халқии Тоҷикистон" шарафëб гардида, қаблан барои китоби "Ҷонпайванд" барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шуда буд.
Мирзо Шукурзода  соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омада, соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳаш ва соли 1973 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд.
Бояд гуфт, ки Шукурзода дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992—2004) фаъолияти фарҳангӣ ва ду сол дар Афғонистон (1985—1987) ба ҳайси тарҷумон хидмат намуда буд. Ҳамчунин солҳо ба ҳайси мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи "Садои Шарқ" фаъолият доштааст.
Ӯ  дар Кобул ва Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон беш аз 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст, ки маъруфтарини онҳо «Тоҷикон дар масири таърих» аст, ки борҳо дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон мунташир шудааст.
Китоби «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно»-и Шукурзодаро соли 2007 ҳафтавори «Варорӯд» «Китоби беҳтарини сол» эълом карда буд.

Бояд гуфт, ки таълифоти нависанда дар бораи фоҷеаи  Афғонистон низ бисëр арзишманд аст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

14.07.2025 10:08

Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”

Дуруст аст, ки роҳи расидан ба муваффақият ҳамвор нест ва ҳар кас аз ноҳамвориҳои зиёд мегузарад. Илова бар ин, ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки дар кадом соҳа муваффақ шуда метавонад, зеро бисёриҳоро медонем, ки дар касбу кори тамоман дигар комёб шудаанд. Яке аз чунин касон ҳамсуҳбати мо Шоҳин Муродов мебошад.
13.07.2025 08:59

И. Усмонов: “Ҳамкорӣ бо Русия агар аз ҳарду тараф софдилона иҷро шавад, ба ҳарду тараф ҳам фоида меорад”

Дар шаҳри Маскав бо ташаббуси мақомоти масъули идеологии Федератсияи Русия, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия, Вазорати корҳои хориҷӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, аз ҷумла Донишгоҳи иқтисод ва сиёсати хориҷии ба номи Е.М. Примаков, Форуми байналмилалии илмӣ-коршиносии “Хонишҳои Примаков” баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии он, ки рӯзи 23-уми июн баргузор гардид, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия, муовини Думаи давлатӣ ва Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия иштирок ва суханронӣ намуданд. Рӯзи дуюми чорабинӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ кард.
12.07.2025 10:26

Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”

Шоми гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе ба гардиш даромад, ки дар он сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди миллиро қироат карда, дар мисраи дуюми он хато мекунад. Дар шарҳи навори мазкур корбарон ҳар гуна суханҳои қабеҳ гуфтанд.
12.07.2025 10:21

Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ле Монд” –и Фаронса гуфт, ки Эрон ҳамеша ба музокирот бар асоси иззат, мантиқ ва эҳтироми мутақобил пойбанд буда. Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ҳамеша миёни Эрон ва кишварҳои дигар тамосҳои дипломатӣ ҷараён дорад.
12.07.2025 10:07

Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ оғози сохтмони корхонаи истихроҷи сурмаи ҶСК “Паҳандра Майнинг”-ро эълон карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
12.07.2025 09:48

Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Ҳукумати Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Гурӯҳи кории Шурои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона, ки дар он масъалаи боздошти духтари президенти пешин Ислом Каримов — Гулнора Каримова баррасӣ шуда буд, вокуниш нишон дод.