3 Октябр 2026,
шанбе, 05:26, Душанбе
16.10.2024 15:48

Олими тоҷик ба Раҳими Ғармӣ: Дар зодгоҳатон китобхона бисозед

Олими тоҷик Ҳафиз Раҳмон аз сарватманд  Раҳим Бобоҷонов хост, ки дар зодгоҳаш китобхонаи бузург созад ва бо  ин роҳ номашро ҷовидон намояд.

Адабиëтшиноси маъруф дар саҳифаи худ дар Фейсбук ба Раҳим Бобоҷонов  муроҷиат намуда, аз ҷумла навишт:
"Ҳар кори хайре мекунед, подош хоҳед гирифт, сипос барои ҳама корҳои хубатон.
         Аммо як хоҳиш: дар зодгоҳатон – Рашт як китобхонаи бисёр зебо бисозед ва онро пур аз китоб кунед, номатон ҷовидона хоҳад монд..."
Ҳафиз Раҳмон ҳамчунин нигоштааст, ки натанҳо дар Рашт, балки дар ягон ноҳияи Тоҷикистон китобхонаи зебоеро надидааст:
"Аммо банда, ки ҳар соле ба ин ё он ноҳияву шаҳр сафар мекунам ва аз вазъи китобхонии мардум пурсон мешавам, мушоҳида кардаам, ки вазъият чандон хуб нест. Дар ягон ноҳия то кунун китобхонаи зеборо надидаам".
Ин адабиëтшиноси варзида бо ситоиш аз корҳои хайри Раҳим Бобоҷон, аз ҷумла тақдими манзил ба ҳунармандон ва сарпарастии сабқатҳои варзишӣ, таъкид доштааст, ки "Аз тамоми дигар корҳои хайр сохтани китобхона муҳимтар аст!"
Ҳафиз Раҳмон ҳамчунин зикр намудааст, ки бинои китобхона бояд бо расми меъмории миллӣ, бо рамзи китоб сохта шавад, то  хушнамотарин бинои ноҳия бошад ва зеботару бошукуҳтар аз ҳар бинои дигар.

Бояд гуфт, ки номи соҳибкори муваффақ Раҳим Бобоҷон, маъруф ба Раҳими Ғармӣ чанд сол пеш, баъди тақдими манзилҳои истиқоматӣ ба чандҳунарманди шинохта ва ашхоси ниëзманд вирди забонҳо шуд.
Ҳафиз Раҳмон устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви ҳайати доварони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" мебошад. 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.