6 Октябр 2026,
сешанбе, 22:21, Душанбе
06.10.2026 11:42

Сенатори амрикоӣ: “Ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз тақрибан қатъ шудааст”

Крис Мёрфӣ, сенатори демократ аз иёлати Коннектикут, дар як паём дар шабакаи иҷтимоии “Х” аз коҳиши шадиди ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз хабар додааст.

Мёрфӣ, ки ахиран ба Ховари Миёна сафар карда ва аз пойгоҳҳо ва марказҳои низомии ИМА дар кишварҳои арабӣ боздид кардааст, дар бораи паёмадҳои идомаи ҷанг барои ҳаракати киштиҳои ҳомили газ ва хароҷоти ҳамлу нақли баҳрӣ навиштааст.

Ӯ бо ишора ба суҳбаташ бо яке аз вазирони энергетикаи кишварҳои Ховари Миёна гуфтааст, ки пеш аз ҷанг ҳар рӯз тақрибан 10 киштии ҳомили гази моеъи табиӣ (LNG) аз тангаи Ҳурмуз мегузашт. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин шумора ба як ё ду киштӣ дар рӯз расидааст.

Ин сенатори амрикоӣ ҳамчунин, гуфтааст, ки арзиши суғуртаи ҳар киштие, ки аз ин масир мегузарад, аз тақрибан 100 ҳазор доллар дар як рӯз ба беш аз як миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Мёрфӣ дар идома паёмадҳои иқтисодии ин вазъро барои Иёлоти Муттаҳида чунин арзёбӣ кардааст: “Ин барои иқтисоди Иёлоти Муттаҳида як фоҷиа аст.”

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.
06.10.2026 11:27

53 дарсади украинҳо мегӯянд Зеленский бояд танҳо як давра президент бошад

Натиҷаи як назарсанҷии тоза дар Украина нишон медиҳад, ки 53 дарсади сокинони ин кишвар мехоҳанд давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Зеленский ба ҳамин давраи кунунӣ маҳдуд шавад. Яъне, беш аз нисфи пурсидашудагон намехоҳанд ӯ дар интихоботи баъдии президентӣ ширкат кунад.