Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Трамп бо баҳонаи таҳдидҳои Эрон аз Туркия махфиёна парвоз кард
Манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо баҳонаи таҳдидҳои Эрон, аз иҷлоси НАТО дар Туркия, ки моҳи гузашта баргузор шуд, махфиёна парвоз кардааст.
“Ройтерз”, рӯзи 10-уми август, гузориш додааст, ки ин мавзуъро як манбаи амрикоӣ ба рӯзномаи “Вашингтон-Пост” иттилоъ додааст.
Бар асоси гузориш, пас аз он ки Трамп дар Анқара ва дар муқобили камераҳо савори ҳавопаймои қадимии “Эйр Форс Уан” шуд, пинҳонӣ тавассути як мошини пазироии майдони ҳавоӣ ба як ҳавопаймои хурдтари низомӣ, савор шуд.
Дар он замон расонаҳо гузориш дода буданд, ки раиси ҷумҳури Амрико аз Туркия ба Британия парвоз карда ва сипас, ба Амрико рафтааст.
Манбаъ гуфтааст, ки ин амалиёти фиреб бо як таҳдиди муътабар алайҳи Трамп оғоз шуд.
Бо ин ҳол, дар гузориш омадааст, ки мушаххас нест Трамп пас аз расидан ба Британия чӣ гуна аз ҳавопаймои низомӣ ба “Эйр Форс Уан”и қадимитар мунтақил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод