Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Трамп ба дахолат дар сиёсати Британия муттаҳам шуд
Ҳукумати ИМА ба талош барои таъсиргузорӣ ба фазои сиёсӣ ва иҷтимоии Британия муттаҳам шудааст. Мунаққидон мегӯянд, Вашингтон мехоҳад дар ин кишвар дидгоҳҳои наздик ба ҷунбиши сиёсии Доналд Трампро тарғиб кунад.
Сафорати ИМА дар Лондон гуфтааст, ки барои барномаҳои “омӯзиши шаҳрвандӣ ва иштироки ҷомеа” то 500 ҳазор доллар кумаки молӣ ҷудо мекунад.
Ин барнома бо номи “Озодӣ бар асоси қонун: суннати муштараки Британияву Амрико” пешниҳод шудааст. Дар он аз созмонҳои ҷамъиятӣ хоста шудааст, ки барои тарғиби озодии баён, волоияти қонун, муҳокимаи парвандаҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ҳукумати маҳдуд ва ҳуқуқи моликият лоиҳа пешниҳод кунанд.
Лиза Смарт, намояндаи Ҳизби либерал-демократи Британия, ин маблағро “пули МАГА-и Трамп барои дахолат ба демократия” номидааст. МАГА шиори маъракаи сиёсии Трамп бо маънои “Амрикоро дубора бузург кунем” аст.
Мақомоти собиқи Вазорати корҳои хориҷии ИМА низ гуфтаанд, истифодаи чунин барномаҳо барои таъсиргузорӣ ба баҳсҳои дохилии як кишвари муттаҳид ғайриодӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом метавонад ба тарғиби ривоятҳои сиёсӣ ба нафъи ҷунбиши МАГА дар Британия мусоидат кунад.
Дар барномаи дигар, Сафорати ИМА аз лоиҳаҳое ҳимоят хостааст, ки барои ҷалби Британия ба сиёсатҳои Вашингтон мусоидат кунанд. Аз ҷумла, ҳимояти Британия аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ ва муқобилият бо нуфузи Чин дар назар аст.
Яке аз мақомоти собиқи Вазорати корҳои хориҷии ИМА ин иқдомро талоши ошкор барои водор кардани ҷомеаи Британия ба қабули сиёсатҳои Вашингтон донистааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод