Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Генерали аршади артиши ИМА барканор шуд
Генерал Чарлз Костанза, фармондеҳи корпуси 5-уми артиши ИМА, ҳамагӣ ду моҳ пеш аз муҳлати муқарраршудаи бознишастагиаш аз мақомаш барканор шуд.
Шабакаи амрикоии “Эй-би-сӣ Нюз” (ABC News) гузориш додааст, ки генерал Чарлз Костанза, фармондеҳи корпуси 5-уми артиши ИМА, ду моҳ пеш аз муҳлати муқарраршудаи бознишастагиаш аз мақомаш барканор шудааст.
Генерал Костанза, ки аз моҳи апрели соли 2024 фармондеҳии ин корпусро ба уҳда гирифта буд, масъули назорат бар неруҳои артиши ИМА ва ҳамоҳангсозии амалиётҳо дар саросари Аврупо буд. Ин масъулият дастгирии низомии ИМА аз Украина дар тамоми марзҳои шарқии НАТО-ро низ дар бар мегирифт.
Барканории ӯ дар пайи бозсозии густурда дар сатҳҳои болоии низомӣ бо дастури Пит Ҳегсет, вазири ҷанги ИМА, сурат гирифтааст. Дар ҷараёни ин раванд беш аз 12 афсари баландпоя, аксаран бидуни шарҳи ошкор, ё барканор ё канор гузошта ва аз масъулиятҳо маҳрум шудаанд.
Ин иқдом дар пайи коҳиши ҳузури низомии Пентагон дар Аврупо дар соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Дар ин вазъ, неруҳои боқимонда зери фишори шадид қарор дошта, барои ҳифзи ҳузури низомӣ дар чандин ҷабҳа ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.
Бисёре аз таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамлаи ИМА ба Эрон ин кишварро бо камбуди шадиди силоҳ рӯбарӯ кардааст. Ин вазъ ҳатто боиси баргузории нишастҳои буҳронӣ дар Пентагон шуда, Вашингтонро водор кардааст, ки аз бисёре аз мавзеъҳо ва ҷабҳаҳои худ ақибнишинӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод