Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Трамп Швейтсарияро таҳдид кард: “Бо як имзо иқтисодатонро аз байн мебарем”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, дар идомаи ҷанги тиҷоратии худ ин бор Швейтсарияро ҳадафи таҳдид қарор дода, гуфтааст, ки бо як имзо метавонад иқтисоди ин кишварро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кунад.
Трамп дар мусоҳибаи ахираш бо ишора ба вазъи тиҷоратии Вашингтон бо Швейтсария гуфтааст, ки ИМА тақрибан 39 миллиард доллар ҳамкории тиҷоратӣ бо ин кишвар дорад ва ӯ метавонад танҳо бо як тасмим онро аз байн барад.
Раиси ҷумҳури ИМА гуфтааст: “Метавонам бо як имзо ин ҳамкориро аз байн бубарам ва онҳо дигар як кишвари пешрафта нахоҳанд буд”.
Ӯ афзудааст: “Кофист бигӯям, ки соатҳо ва молҳои шуморо намехоҳам: дар ин сурат ИМА аз 39 то 41 миллиард доллар сарфа мекунад ва Швейтсария аз як кишвари пешрафта ба кишваре бо мушкилоти ҷиддӣ табдил хоҳад шуд”.
Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед ҷанги тиҷоратӣ ва тарофаиро алайҳи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони Вашингтон дар Аврупо, роҳандозӣ кардааст.
Раиси ҷумҳури ИМА дар поёни суханонаш бо лаҳни кинояомез гуфтааст: “Хушбахтона, ман одами меҳрубон ҳастам”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод