1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
11.06.2026 14:16

Артиши Амрико аз такмили ҳамлаҳои худ бар Эрон хабар дод

Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) аз такмили ҳамлаҳои худ бар ҳадафҳое дар саросари Эрон хабар додааст.

СЕНТКОМ рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн, дар саҳифаи “X” навиштааст, ки неруҳои амрикоӣ ба дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҳамлаҳои изофиро алайҳи чандин ҳадаф дар Эрон анҷом додаанд.

Бар асоси гузориш, СЕНТКОМ гуфтааст, ки ҳамлаҳои артиши Амрико алайҳи қобилиятҳои назоратии низомӣ, системаҳои иртиботӣ ва сомонаҳои дифои ҳавоии Эрон дар саросари ин кишвар будааст.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико афзудааст, ки дар ин ҳамлаҳо неруҳои амрикоӣ ба ҳадафҳое дар Эрон ҳамла кардаанд, ки “таҳдид” барои неруҳои амрикоӣ ва киштиҳои тиҷоратии байналмилалӣ дар ҳоли убур аз обҳои минтақа буданд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои эронӣ низ аз ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар бар пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои минтақа хабар доданд.

Эрон ҳамчунин, аз баста шудани комили тангаи Ҳурмуз ба далели ҳамлаҳои Амрико ба нуқтаҳое дар ин кишвар хабар дод.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.