1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
10.06.2026 13:26

Сентком аз ҳамла бар сайтҳои радари назоратии Эрон дар тангаи Ҳурмуз хабар дод

Фармондеҳии марказии артиши Амрико (Сентком) аз ҳамла бар дифои ҳавоӣ, истгоҳҳои контроли заминӣ ва сайтҳои радари назоратии Эрон дар наздикии тангаи Ҳурмуз хабар додааст.

Сентком, рӯзи чоршанбе, 10-уми июн, дар саҳифаи “Х” навиштааст, ки ин ҳамла дар посух ба сарнагунии чархболи AH-64 “Apache”-и артиши Амрико аз сӯйи Эрон анҷом шудааст.

Бар асоси гузориш, Сентком гуфтааст, ки неруҳои амрикоӣ бо “муҳимоти дақиқ” ба дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, нуқотеро дар Эрон ҳадаф қарор доданд.

Сентком гуфтааст: “Ин амалиёт посухи мутаносиб ба ҳамлаҳои ахир ба неруҳои амрикоӣ ва киштиҳои тиҷоратии байналмилалӣ дар ҳоли убур аз обҳои минтақаӣ буд”.

Ду рӯз пеш, чархболи  “Apache”-и неруҳои Амрико дар наздикии тангаи Ҳурмуз суқут кард, аммо сарнишинони он солим монданд.

Рӯзи гузашта, Сентком таъйид кард, ки ин чархбол аз сӯйи неруҳои эронӣ мавриди ҳамла қарор гирифта ва сарнагун шудааст.

Ҳамлаҳои мутақобили Эрон ва Амрико алайҳи мавозеъи ҳамдигар дар Халиҷи Форс дар ҳоле сурат мегирад, ки ду кишвар дар ҳоли музокира барои расидан ба як тавофуқ барои хатми ҷанг ҳастанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.