Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Фармондеҳи пешини Толибон бо гуноҳи рабудани хабарнигори амрикоӣ ба 42 сол зиндон маҳкум шуд
Як додгоҳ дар Ню-Йорк, Ҳоҷӣ Наҷибуллоҳ, фармондеҳи пешини гурӯҳи террористии Толибонро бо ҷурми рабудани Дэвид Род, хабарнигори амрикоӣ ва ду ҳамроҳи ӯ ба 42 соли зиндон маҳкум кардааст.
Додситонҳои федералии Амрико рӯзи 9-уми июн эълом кардаанд, ки Ҳоҷӣ Наҷибуллоҳ дар соли 2008 дар рабудани Дэвид Род, хабарнигори амрикоӣ, тарҷумони афғони ӯ ва ронандаи онҳо нақши мустақим доштааст.
Бар асоси асноди додгоҳ, ин се нафар беш аз ҳафт моҳ дар махфигоҳҳое дар Афғонистон ва Покистон дар асорат нигоҳ дошта мешуданд.
Гаравгонгирон талош доштанд дар баробари озодии онҳо пул дарёфт кунанд ва шуморе аз зиндониёни Толибонро озод созанд.
Додситонҳо гуфтаанд, ки гаравгонҳо дар ҷараёни асорат маҷбур ба сабти наворҳо аз зинда будани худ хабар дода буданд: наворҳое, ки дар онҳо ҷангҷӯёни Толибон онҳоро бо силоҳ таҳдид мекарданд.
Наҷибуллоҳ аз соли 2007 ба ҳайси фармондеҳи Толибон дар вилояти Вардак фаъолият мекард ва ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, дар ҳамлаҳои алайҳи неруҳои амрикоӣ низ нақш доштааст.
Дэвид Род ҳангоми рабуда шудан барои рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” кор мекард.
Ӯ ва тарҷумонаш пас аз ҳафт моҳи асорат муваффақ шуданд аз маҳалли нигоҳдории худ фирор кунанд.
Бар асоси гузоришҳо, Ҳоҷӣ Наҷибуллоҳ моҳи октябри соли 2020 дар Украина боздошт ва сипас, барои муҳокима ба Иёлоти Муттаҳида интиқол дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод