1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:39, Душанбе
18.02.2026 09:40

Муовини Трамп: “Гуфтугӯҳо бо Эрон дар бархе ҷанбаҳо ба хубӣ пеш рафт”

Ҷей Вэнс, муовини Доналд Трамп, президенти Амрико дар пайи музокироти ғайримустақими миёни Теҳрон ва Вашингтон дар шаҳри Женеваи Швейтсария эълом кард: “Гуфтугӯҳо бо Эрон дар бархе ҷанбаҳо ба хубӣ пеш рафт”.

Муовини президенти Амрико рӯзи сешанбе (17-уми феврал) дар шабакаи “Фокс Нюз”, мутааллиқ ба ҷумҳурихоҳон афзуд, ки Трамп мехоҳад бо Эрон ба роҳҳалле бирасад.

Вэнс дар идома бо баёни ин, ки аз бархе ҷанбаҳо ҷаласа хуб пеш рафт, гуфт: “Аз ҷиҳати дигар, аммо комилан рӯшан буд, ки президент чанд шартҳое таъйин карда, ки эрониҳо ҳанӯз воқеан ҳозир нестанд онро бипазиранд ва дар борааш вориди раванди ҳалуфасл шаванд”.

Ин изҳороти Вэнс дар ҳоле буд, ки ӯ дар бораи ҷузъиёти шартҳои Трамп сухане нагуфт.

Ӯ ҳамчунин, бо такрори иддаоҳои Вашингтон муддаӣ шуд: “Авлавияти аслии мо ин аст, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо накунад.”

Вэнс дар идомаи иддаоҳои Амрико афзуд: “Президент башиддат ба дунболи ёфтани роҳҳалле аст, чӣ аз тариқи гузинаҳои дипломотӣ ва чӣ гузинаҳои дигар ба ин маъно, ки эрониҳо натавонанд ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунанд”.

Даври дувуми музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Женеваи Швейтсария рӯзи сешанбе, 17-уми феврал баргузор шуд ва пас аз ҳудуди се соату 30 дақиқа ин мулоқот поён ёфт.

Ин давр аз музокирот монанди даври қабл ба сурати ғайримустақим ва бо миёнҷигарии салтанати Умон баргузор шуд ва Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон риёсати ҳайати музокиракунандаи Эронро бар уҳда дошт ва Стив Уиткофф, намояндаи вижа ва Ҷаред Кушнер, домоди президенти Амрико риёсати ҳайати амрикоиро бар уҳда доштанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.