1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:39, Душанбе
14.02.2026 15:11

Рубио: “Тарҷеҳи Трамп дастёбӣ ба тавофуқ бо Теҳрон аст”

Вазири корҳои хориҷаи Амрико дар ҷараёни суханронии имрӯзи (шанбе) худ дар конфронси амниятии Мюнхен муддаӣ шуд, ки гузинаи мавриди хости Доналд Трамп, президенти Амрико, дастёбӣ ба як тавофуқ бо Эрон аст, бо ин вуҷуд, ин (дастёбӣ ба тавофуқ) бисёр душвор аст.

Ба гузориши расонаҳо, Вазири корҳои хориҷаи Амрико дар идомаи ин суханронӣ гуфт: “Чолишҳои баландамуддате бо Чин вуҷуд дорад, ки ҳамчунон озордиҳанда хоҳад буд”.

Рубио дар идома бо ишора ба ҷанги ҷорӣ дар Украина гуфт: “Русҳо дар ҷанги Украина ҳар ҳафта байни 7 то 8 ҳазор сарбози худро аз даст медиҳанд”.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳамчунин, муддаӣ шуд, ки Созмони Милал “Ҳеч нақше дар ҳаллуфасли муноқишаҳо надорад”.

Ин хабар дар ҳоли такмил аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.