1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:39, Душанбе
01.08.2025 16:35

Трамп: “Бар зидди Русия таҳрим ҷорӣ мекунем, ҳатто агар таъсир надошта бошад”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, ки таҳримҳои нав бар зидди Русия ҳатман татбиқ хоҳанд шуд, навобаста аз он ки онҳо таъсир доранд ё на.

“Мо таҳримҳо ҷорӣ хоҳем кард. Намедонам, ки онҳо Путинро нороҳат хоҳанд кард ё на. Онҳо аз мавҷудияти ин таҳримҳо бохабаранд. Ман беҳтар аз ҳар кас таҳриму боҷ ва дигар механизмҳоро медонам. Вале намедонам, ки таъсире хоҳанд дошт ё на, аммо мо ин корро хоҳем кард”- гуфт Доналд Трамп.

Президенти Амрико таъкид кард, ки ҷанги Украина бояд оғоз намешуд ва сабаби сар задани он, ба гуфтаи ӯ, сиёсати нодрусти роҳбарони қаблӣ буд.

“Агар ман президент мебудам, ин ҷанг сар намезад. Ин ҷанги Байден аст, як ҷанги бемаънӣ, ки набояд вориди он мешудем”- гуфт Доналд Трамп.

Моҳи гузашта Доналд Трамп барои Владимир Путин муҳлати 50-рӯза муқаррар карда буд, то бо Украина ба созиш расад ва ба ҷанг поён диҳад. Ӯ гуфт, ки дар сурати иҷро нашудани ин шарти сулҳ боҷи 100 фоизӣ ба Русия ва шарикони тиҷоратии он эълон мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ ин муҳлат ахиран ба 10 то 12 рӯз коҳиш дода шудааст. Ҷон Келли, намояндаи муваққатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Доналд Трамп мехоҳад то 8-уми август миёни Русия ва Украина сулҳ ба даст ояд.

Дар ҳамин ҳол Кремл вокуниш нишон дода, гуфт, ки изҳороти Вашингтонро бо диққат пайгирӣ мекунад ва то расидан ба ҳадафҳои худ амалиёти низомӣ дар Украина идома хоҳад ёфт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.