1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
07.05.2025 13:51

Трамп аз қатъи оташкушоӣ бар зидди Ҳусиҳои Яман хабар дод

Доналд Трамп таъкид кард, ки гуфтаи ҳусияҳоро дар мавриди “дигар киштиҳоро наметарконанд” мепазирад.

Президенти Амрико бо ишора ба изҳороти муҳим, ки интизор меравад, қабл аз сафар ба Ховари Миёна нашр шавад, гуфт қарори қатъи ҳамла ба ҳусиҳо аллакай иҷро шуд.

Тибқи иттилоъ созиш миёни ҳусиҳо ва Амрико бо миёнравии Уммон ҳосил шудааст. Бадр ал-Бусаидӣ, Вазири корҳои хориҷии Уммон бо тасдиқ кардани миёнравии Масқат дар ин созиш гуфт, ки  дигар ҳеч гуна ҳамла бар зидди якдигар, аз ҷумла ба киштиҳои амрикоӣ дар баҳри Сурх ва гулугоҳи Бобулмандаб анҷом намедиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки як узви ҳусиҳои Яман ба хабаргузориии Бломберг гуфт, “то замоне, ки ҳамлаҳо ба Ғазза поён наёбад, амалиёти ҳусиҳо дар Баҳри Сурх ва бар зидди Исроил қатъ нахоҳад шуд”.

Изҳороти Доналд Трамп дар хусуси созиш бо ҳусиҳо баъди чанд рӯзи фаъолияти шадиди дипломатӣ миёни Амрико, Уммон ва ҳусиҳо сурат гирифтааст. Сарчашмаҳо мегӯянд, ки ин созиш барои қатъи ҳамлаҳои мутақобил бо мақсади фароҳам кардани фазои мусоид барои оғози музокироти атомӣ бо Эрон анҷом шудааст.

Ҳусиҳои Яман чанде қабл гуфтанд, ки ҳамлаҳояшон бар зидди Исроил идома хоҳад ёфт. Исроил рӯзи гузашта майдони ҳавоии шаҳри Санъои Яманро мавриди бомбаборони шадид қарор дод. Чанд рӯз қабл ҳусиҳои Яман фурудгоҳи байналмилалии Бин Гурион дар шаҳри Тел-Авивро мавриди ҳамла қарор доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.