1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
28.04.2025 09:08

Трамп: “Бе бомбаборон бо Эрон ба созиш мерасем”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, ки музокироти Амрико бо Эрон хуб пеш меравад ва бовар дорад, бо Эрон ба созиш марасад.

Президенти Амрико рӯзи 27 –уми апрел дар суҳбат бо расонаҳо гуфт: “Дар хусуси вазъияти Эрон фикр мекунам, ки шароит хеле хуб пеш меравад. Бовар дорам, ки як созиш ба даст хоҳад омад. Қариб, мутмаин ҳастам, ки иттифоқ меафтад. Мо бидуни ниёз ба бомбаборон ба созиш мерасем”.

Ёдовар мешавем, ки даври сеюми музокироти Амрико ва Эрон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар Масқати Уммон баргузор гардид. Бар асоси гузориши рӯзномаи “Вол-стрит журнал” ду ҷониб дар ду масъалаи асосӣ – имкони ғанисозии ураниум дар Эрон ва ворид кардани Барномаи мушакии Эрон ба доираи музокирот ихтилофи назар доранд. Бо вуҷуди ихтилофҳо ҳайатҳои амрикоиву эронӣ қарор гузоштанд, ки дар ҳафтаи баъдӣ музокиротро идома диҳанд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки нигарони Барномаи ҳастаии Эрон аст, гуфт, ки созиши Амрико бо Эрон бояд боиси барҳам додани комили Барнома шавад. Ӯ афзуд, ки Барномаи мушакии Эрон низ бояд дар рӯйи мизи музокирот қарор гирад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо мухолифати худро барои гуфтугӯ ба сари Барномаи мушакӣ эълон намуда, гуфтааст, ки ин масъалаи амнияти миллӣ аст.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди музокироти даври сеюм дар рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта гуфт: “Баъзе ихтилофоти мо хеле ҷиддӣ аст ва бархе дигар камтар, бархе печидагиҳои махсуси худро доранд. Мо, албатта, умедворем, ки ба зудӣ пеш меравем”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.