1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
22.04.2025 13:53

Хушҳолии Трамп аз музокира бо Эрон: “Музокироти хеле хубе доштем”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду рӯз пас аз даври дуюми музокироти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шаҳри Рим баргузор гардид, музокироти дипломатҳои ду кишварро “хеле хуб” тавсиф кард.

Ӯ рӯзи душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Мебинем чӣ мешавад, марҳилаи оянда каме вақт мехоҳад, вале мо нишасти хеле хубе доштем”.

Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ низ ба нишасти даври дуюми музокираи Эрон ва Амрико вокуниш нишон дода, изҳори қаноматмандӣ кард, аммо гуфт: “На хушбин ҳастам, на бадбин”.

Музокироти Эрон ва Амрико рӯзи чоршанбе дар сатҳи коршиносӣ идома меёбад ва рӯзи шанбе даври сеюми музокироти Аббос Ироқчӣ ва Стив Уиткофф дар Масқати Уммон баргузор мегардад. Ҷузъиёти музокироти атомии Эрон ва Амрико то ҳол нашр нашудааст, вале бархе сарчашмаҳо аз қабули сатҳи поёни ғанисозии уран ва интиқоли урани захирашудаи Эрон ба кишвари сеюм хабар медиҳанд.

Дар марҳилаи сеюми оғози музокироти Эрон ва Амрико Аббос Ироқчӣ бо муттаҳиди Русия ва Чин дар хусуси ҷараёни музокироти атомӣ машвара медиҳанд. Ӯ чанде қабл ба Русия рафт ва бо президенти ин кишвар Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷии он Сергей Лавров мулоқот намуд. Аббос Ироқӣ қабл аз баргузории нишасти даври сеюм ба Чин сафар карда, бо мақомоти олии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.