Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Сиёсатшиноси ӯзбек: “Тоҷикон барои ӯзбекон наздиктарин миллат ҳастанд”
Сиёсатшиноси ӯзбек Камолиддин Раббимов бо нашри як мақола таъкид кардааст, ки муносибати сиёсӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев то ба сатҳи шарикии стратегӣ расида ва тоҷикон наздиктарин миллат барои ӯзбекон мебошанд.
Сиёсатшиноси ӯзбек Камолиддин Раббимов дар мақолааш дар хусуси моҳияти муносибатҳои шарикӣ изҳори назар намуда, таъкид кардааст, ки муносибатҳои шарикӣ баландтарин шакли ҳамкории байнидавлатӣ ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳое, ки бо ҳам иттиҳод мебанданд, нисбати якдигар эътомоди зиёд дошта, дар шароити душвор ин эътимодро бояд ҳифз кунанд.
Камолиддин Раббимов зикр кардааст, ки дар замони президентии Ислом Каримов Ӯзбекистон фақат бо чор кишвар муносибатҳои шарикии стратегӣ дошта: “Ин 14-уми ноябри соли 2005 дар шароити душвори геополитикӣ ва таҳти фишори Ғарб пас аз ҳодисаҳои Андиҷон ба имзо расид. Дар натиҷа Ӯзбекистон ба Чин ва Русия наздиктар шуд”.
Сиёсатшиноси ӯзбек шарҳ медиҳад, ки баъди президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев сиёсати ҳукумат нисбат ба шарикони стратегӣ тағйир ёфт.
Камолиддин Раббимов менависад, ки дар замони президентии Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон бо се кишвар созишномаи шарикии стратегӣ – декабри соли 2022 бо Қазоқистон, феврали соли 2024 бо Тоҷикистон ва августи соли 2024 бо Озорбойҷон имзо намуд.
“Тавре таърих нишон медиҳад, Тоҷикистон ва тоҷикон наздиктарин миллат ба Ӯзбекистон ва ӯзбекон мебошанд. Агар аз нигоҳи забон ва фарҳанг наздиктарин мардум ӯйғурҳо бошанд, пас аз лиҳози менталитет – тоҷиконанд” – навиштааст сиёсатшинос Камолиддин Раббимов.
Дар бахши дигари мақолааш сиёсатшиноси ӯзбек таъкид мекунад, ки бо дигар шудани фазои геополитикӣ дар ҷаҳон Ӯзбекистон метавонад бо Қирғизистон ва Туркия низ созишномаи ширикии стратегиро ба имзо расонад.
“Дар шароити тағйирёбии муносибатҳои ҷаҳонӣ ва заиф шудани ҳуқуқи байналмилалӣ, шарикии Ӯзбекистон ва Туркия метавонад аҳмияти бузург дошта бошад. Ин на танҳо амният ва суботи ду кишвар, балки иқтидори сиёсӣ, геополитикӣ ва низомии тамоми Осиёи Марказиро тақвият мебахшад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад