


Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд

Тоҷикистон расман хостори пайвастан ба лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон шуд

Тоҷикистон мехоҳад бо баргузории нахустин форуми нассоҷӣ сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад

Путин: “БРИКС дар ҳоли табдил шудан ба як қувваи ҷаҳонии воқеӣ аст”
12.02.2025 11:25
24,6 миллиард сомонӣ. Бонки миллӣ аз афзоиши қарздиҳӣ гуфт
Имрӯз, 12-уми феврал Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки давоми соли сипаригашта 24,6 миллиард сомонӣ ба аҳолӣ қарз дода шудааст.
Фирдавс Толибзода афзуд, ки нишондиҳандаи қарзҳои додашудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 зиёд гардида, дар муқоиса бо соли 2023-юм 5,6 миллиард сомонӣ ё 29,3 фоиз бештар аст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 47,1 фоиз, савдои хориҷӣ 14,6 фоиз, кишоварзӣ 12,7 фоиз, саноат 12,4 фоиз, хизматрасонӣ 6,9 фоиз, сохтмон 3,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 2,3 фоиз рост меояд.
Бинобар иттилои масъулин, Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 17,8 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд додааст, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 31,3 фоиз зиёд аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
14.07.2025 10:08
Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”
Дуруст аст, ки роҳи расидан ба муваффақият ҳамвор нест ва ҳар кас аз ноҳамвориҳои зиёд мегузарад. Илова бар ин, ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки дар кадом соҳа муваффақ шуда метавонад, зеро бисёриҳоро медонем, ки дар касбу кори тамоман дигар комёб шудаанд. Яке аз чунин касон ҳамсуҳбати мо Шоҳин Муродов мебошад.
14.07.2025 10:05
Финали ғайриинтизор. "Челси" қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шуд
Шоми гузашта дар доираи даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дастаҳои "Челси"-и Англия ва "ПСЖ"-и Фаронса бо ҳам рақобат карданд, ки бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи "Челси" ба анҷом расид.
14.07.2025 10:00
Имсол 73 хонанда бо медали тиллову нуқра мактабро хатм карданд
Дирӯз, 13-уми июл маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
14.07.2025 07:56
Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

14.07.2025 07:51
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо кай оғоз мегарданд?
Бинобар иттилои АМИТ “Ховар” аз 21-уми июл то 8-уми август нишастҳои матбуотии вазорату корхонаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон доир мегарданд.
13.07.2025 08:59
И. Усмонов: “Ҳамкорӣ бо Русия агар аз ҳарду тараф софдилона иҷро шавад, ба ҳарду тараф ҳам фоида меорад”
Дар шаҳри Маскав бо ташаббуси мақомоти масъули идеологии Федератсияи Русия, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия, Вазорати корҳои хориҷӣ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ, аз ҷумла Донишгоҳи иқтисод ва сиёсати хориҷии ба номи Е.М. Примаков, Форуми байналмилалии илмӣ-коршиносии “Хонишҳои Примаков” баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии он, ки рӯзи 23-уми июн баргузор гардид, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Федератсияи Русия, муовини Думаи давлатӣ ва Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Русия иштирок ва суханронӣ намуданд. Рӯзи дуюми чорабинӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ кард.
12.07.2025 10:26
Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”
Шоми гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе ба гардиш даромад, ки дар он сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди миллиро қироат карда, дар мисраи дуюми он хато мекунад. Дар шарҳи навори мазкур корбарон ҳар гуна суханҳои қабеҳ гуфтанд.
12.07.2025 10:21
Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ле Монд” –и Фаронса гуфт, ки Эрон ҳамеша ба музокирот бар асоси иззат, мантиқ ва эҳтироми мутақобил пойбанд буда. Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ҳамеша миёни Эрон ва кишварҳои дигар тамосҳои дипломатӣ ҷараён дорад.
12.07.2025 10:07
Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ оғози сохтмони корхонаи истихроҷи сурмаи ҶСК “Паҳандра Майнинг”-ро эълон карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
12.07.2025 09:48
Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид
Ҳукумати Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Гурӯҳи кории Шурои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона, ки дар он масъалаи боздошти духтари президенти пешин Ислом Каримов — Гулнора Каримова баррасӣ шуда буд, вокуниш нишон дод.
12.07.2025 09:42
Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард
Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Душанбе аввалин муколамаи худ оид ба мубориза бо терроризмро доир намуданд. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
11.07.2025 14:13
Муносибати системавӣ ба таълим ва қонунигардонии муҳоҷирати меҳнатӣ
Имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ байни Тоҷикистону Русия на танҳо ҷараёни қувваи корӣ, балки як самти мукаммали ҳамкориҳои стратегии ду кишварро ташкил медиҳад. Русия на танҳо муҳоҷиронро қабул мекунад, балки барои фаъолияти қонунӣ, амнияти иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста шароит фароҳам меорад. Ин шарикӣ дар асоси эҳтироми ҳамдигар, манфиатҳои муштарак ва талошҳои воқеии ҳарду ҷониб бунёд ёфтааст.