5 Октябр 2026,
душанбе, 15:09, Душанбе
05.10.2026 12:01

Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд

5-уми октябр даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид.

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» то 12-уми октябр идома меёбад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур беш аз 200 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии мамлакат иштирок мекунанд.

Афзуда мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» соли сеюм аст, ки бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.