Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”
Мақомоти Эрон 31 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт карданд
Амирхон Мутаққӣ дар нишасти “Формати Маскав” бо Сергей Лавров дидор мекунад
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» ва «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Шарифзода Шариф, омӯзгори Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» эълон гардида, бо Ҷоми озмун, Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин, манбаъ навиштааст, ки соли равон ба даври ниҳоии «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» панҷ мураббии беҳтарин аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Аз миёни онҳо Дилрабои Ҳотамшо, мураббияи муассисаи таълимии томактабии №7-и «Булбулакон»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сазовори Ҷоми ғолиб, Диплом ва мукофоти пулии озмун ба маблағи 10 000 сомонӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”