Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чинро дар майдони худ шикаст дод
Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”
Соҳибкорони Хатлон бо имкониятҳои нави рақамӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд
Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюм Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, дар даври шаҳрӣ 36 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Манбаъ навиштааст, ки 18 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолибиятро ба даст оварданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм, ки дар ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, 6 ҳазору 453 нафар иштирок намуда, дар натиҷаи рақобати солим ва арзёбии донишу маҳорати довталабон 155 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.
"Натиҷаҳои давраҳои озмун дар пойтахт нишон доданд, ки таваҷҷуҳ ба мутолиа ва омӯзиши «Шоҳнома» миёни хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳли зиё рӯ ба афзоиш дорад", - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”