Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қавли Саидмаҳмуд Исмоилзода, директори маркази мазкур овардааст, ки дар бемороне, ки вазни хурд доранд, асосан сегментҳои дуюм ва сеюми ҷигар гирифтаву пайванд карда мешаванд, вале бинобар сабабе, ки бемор вазни хурд, яъне 8кг дошт ва боз қариб аз шиками ӯ як литр моеи озод гирифта шуд, сегменти сеюми ҳиссаи чапи ҷигар гирифта ва пайванд карда шуд.
Ба гуфти мутахассисон чунин пайванд ҳам мушкилоти техникӣ ва ҳам мушкилоти баъдипайвандӣ дорад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар кишвар пайванди узв аз донори зинда анҷом дода мешавад, ки ин кори душвор аст. Хусусан, дар кудакони хурдсол анҷом додани пайванд аз лиҳози техникӣ мушкил мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”