3 Октябр 2026,
шанбе, 05:23, Душанбе
06.08.2026 11:44

Беш аз 31 ҳазор нафар. Теъдоди довталабон ба муассисаҳои миёна ва олии касбии кишвар афзудааст

Тибқи иттилои Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон 124 ҳазору 323 довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ аз қайд гузаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазору 335 нафар зиёд аст.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар даври асосӣ аз 2-юми март то 30-юми апрел 116 ҳазору 568 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 28 ҳазору 802 нафар ё 32,82 дарсад зиёд буда, 107,98 дарсади нақшаи қабулро ташкил дод.

Дар ин росто, дар даври дуюми бақайдгирӣ, ки аз 10-ум то 30-юми июн дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт доир гашт, 7755 довталаб дар заминаи синфи 11 ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки соли равон нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва миёнаи касбӣ 74  ҳазору 510 ҷойро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,78 дарсад зиёд аст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.