3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
19.06.2026 10:48

Барномаи таълимии «Асосҳои зеҳни сунъӣ» барои синфҳои 5-11 муаррифӣ гардид

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф (ГТЛРСМ/ETSC) дар доираи ташаббуси «Технологияҳо барои рушди таҳсилот» (Tech4Ed) баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад, дар доираи ҷаласаи мазкур натиҷаҳои таҳқиқоти Самти 4-и ташаббуси Tech4Ed оид ба таҳияи барномаи таълимии «Асосҳои зеҳни сунъӣ» барои синфҳои 5-11 муаррифӣ гардиданд.

“Коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ натиҷаҳои омӯзиш, таҷрибаи байналмилалӣ, вазъи кунунии таълими зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои имконпазири ҳамгироии он ба низоми таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд”, - навиштааст манбаъ.

Афзуда мешавад, ки зимни муҳокима масъалаҳои марбут ба омодасозии омӯзгорон, таҳияи маводи таълимӣ бо забони тоҷикӣ, таъмини дастрасии баробар барои муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот, истифодаи масъулиятнок ва бехатари технологияҳои рақамӣ, инчунин, ташаккули сиёсати миллӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.