3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
18.06.2026 18:06

Имтиҳони якум барои дарёфти Стипендияи «Дурахшандагон» баргузор мешавад

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар дод, ки марҳилаи якуми имтиҳон (тестӣ) барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои довталабони зинаҳои бакалавриат ва мутахассис баргузор мегардад.

Манбаъ меафзояд, ки имтиҳони якум барои довталабон 20-уми июн соати 08:00 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе доир мешавад.

Таъкид мегардад, ки довталабон бояд 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шаванд ва бо худ шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ручка, дигар лавозимоти зарурӣ барои иштирок дар имтиҳон ва либоси расмӣ (мактабӣ) дошта бошанд.

Гуфта мешавад, ки довталабоне, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намекунанд, ба толори имтиҳон роҳ дода намешаванд. Илова бар ин, истифодаи телефонҳои мобилӣ, соатҳои интеллектуалӣ ва дигар воситаҳои электронии алоқа ҳангоми баргузории имтиҳон манъ мебошад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.