3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
27.02.2026 17:33

Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир

Бинобар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи баргузории нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1», 25-уми феврали соли 2026 дар бинои Парлумони Британияи Кабир мулоқоти донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои худ баргузор гардид.

Манбаъ меафзояд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳаёти донишҷӯёни тоҷик ва таҳсили онҳо дар муассисаҳои олии Британияи Кабир шинос шуд.

“Ҳамасола тавассути стипендияи президентии «Дурахшандагон» ҷавонони тоҷик ба кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Британияи Кабир сафарбар гардида, дар риштаҳои иқтисод, сиёсат ва забономӯзии маъруфтарин донишгоҳҳои ин кишварҳо таҳсил мекунанд”, - зикр мегардад дар хабарнома.

Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва омӯзишӣ забони англисӣ имзо намуданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.