3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
16.09.2025 07:30

Номинаи нав роҳандозӣ гардид. Даври сеюми «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 15-уми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд.

Тавре ки манбаъ зикр мекунад, даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» то 18 сентябр бо иштироки 4852 нафар довталаб, аз ҷумла 2605 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1283 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 822 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 142 нафар омӯзгор, ходими илмӣ, аспиранту докторант, докторант аз рӯйи ихтисос (PhD), докторанти ҳабилитат ва унвонҷў, муҳандис, конструктор ва намояндаи касбу кори гуногун доир мешавад.

Гуфта мешавад, ки қаблан озмуни мазкур аз рӯйи 7 номинатсия – математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мешуд. Имсол бошад, номинаи нав «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова гардидааст, ки шумораи умумии ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имсол мукофотпулӣ барои ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.