3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
12.08.2025 14:56

Оғози даври сеюми “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Душанбе

Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.

Тавре ки иттилоъ дода мешавад, дар даври сеюми озмуни мазкур ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо мегузоранд.

Гуфта мешавад, ки тибқи ҷадвали тасдиқшуда ин даври озмун аз 11-ум то 23-юми августи соли равон давом меёбад.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки дар дигар минтақаҳои кишвар низ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар баргузор мегардад ва барои китобхону китобдӯст шудани ҳазорҳо нафар сабаб шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.