3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
05.08.2025 10:28

Жило Гулназарзода: 117 хатмкардаи равияи омӯзгорӣ ба ҷои кор сафарбар карда шуданд

“Дар соли таҳсили 2024-2025 666 нафар равияи омӯзгориро хатм намуда, аз ин шумора 426 нафар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 240 нафар шуъбаи рӯзонаи факултаҳои донишгоҳро хатм намудаанд, ки 117 нафар,  аз ҷумла 33 нафар тариқи квотаи Президентӣ ва 84 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои кор сафарбар карда шуданд”, гуфт Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар нишасти хабарии донишгоҳ, ки 30-юми июли соли 2025 дар бинои донишгоҳ баргузор гардид.

Мавсуф илова кард, ки , ки раванди тақсимоти хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони шуъбаҳои маорифи навоҳии кишвар  ташкил ва баргузор гардид.

Бори аввал ҷиҳати бартарафсозии норасоии кадрҳо дар самти омӯзгорӣ ва ҳисоби хатмкунандаҳои гурӯҳи шартномавии равияи омғзгории шуъбат рӯзона ба ҷои кор 44 нафар мутахассисиони ҷавон сафарбар гардиданд.

Дар донишгоҳи мазкур дар ду шуъба-рӯзона ва фосилавӣ 5636 донишҷӯ, ки аз он 3736 духтар, ки 66,3 фоизро ташкил мекунад, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.