“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
08.08.2025 15:27
Як медали нуқра ва панҷ ҷойи ифтихории Тоҷикистон дар миёни 37 кишвари ҷаҳон
Тавре ки Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар медиҳад, 10 хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии APMO (Asian Pacific Mathematics Olympiad) Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Бинобар иттилои манбаъ, Олимпиадаи байналмилалии APMO имсол тариқи фосилавӣ баргузор шуда, намояндагони 37 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд, ки дар миёни онҳо хонандагони тоҷик натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, дар олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик як медали нуқра ва панҷ ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.
Бо ҳамин тартиб, Тухтаров Олимҷон сазовори медали нуқра (ҷойи 2) гардида, Юсупов Меҳрубон, Рашидов Санҷар, Саймуҳидинзода Муҳаммаддрис, Маҳмадов Муҳаммадиқбол ва Садуллоев Осим ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
02.10.2026 18:06
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Бар асоси иттилои АМИТ “Ховар” кишоварзони Тоҷикистон имсол беш аз 866 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосили баъзе навъҳои ғалла ба 40 сентнер аз як гектар расидааст.
02.10.2026 17:56
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Дар рӯзи якум нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоиз иҷро гардид.
02.10.2026 17:54
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Дар Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон оғоз гардид. Ин машқҳо дар Пойгоҳи Лоҳур баргузор шуда, рӯзи 2-юми октябр ба поён расид.
02.10.2026 17:41
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Владимир Путин, президенти Русия аз муқовимати мардуми Эрон дар муқобили ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ситоиш намуда, таъкид кард, ки таҳримҳои зидди Эрон лағв шавад.
02.10.2026 17:04
В Душанбе пройдут Дни иранского кино
С 15 по 20 октября в Душанбе пройдут Дни иранского кино. Показы состоятся в рамках III Национальной кинопремии «Тоджи Сомон», сообщили в «Таджикфильме».
02.10.2026 14:32
Песков: “Русия ҳамеша барои музокира омода аст”
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, бо таъкид бар ин ки Маскав хостори сулҳ аст, гуфт, ки Русия ҳамеша барои музокира омода мебошад.
02.10.2026 14:26
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Корея рушд мекунанд
Имрӯз, 2-юми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чон Сонг Шик мулоқот намуд.
02.10.2026 11:53
Ба муносибати 30-солагии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ чорабинӣ доир шуд
Шоми 1-уми октябр дар Театри миллӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
02.10.2026 11:46
Кобулов: “Русия омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон аст”
Русия эълом кардааст, ки омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон барои ҳалли ихтилофҳо миёни ду кишвар аст.
02.10.2026 10:57
Дар як рӯз. Вилояти Хатлон аз 76 фоиз иҷро шудани даъвати тирамоҳӣ хабар дод
Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, дар рӯзи якум нақшаи даъват 76 фоиз иҷро шуд.
02.10.2026 09:54
Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.
02.10.2026 09:52
Амрико ба Арабистони Саудӣ ва Қатар сомонаҳои нави “Патриот” ирсол кард
Артиши Амрико ду низоми дигари мушакии “Патриот”-ро барои ҳифзи иншооти энергетикӣ дар Арабистони Саудӣ ва Қатар ирсол кардааст.