“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
Сабти ном ба синфи якум тариқи барномаи “eDonish” осону сода шуд
Шуруъ аз имрӯз, 1-уми август сабти номи онлайнии кӯдакон ба синфи якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Тибқи иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сокинон имкон доранд, ки аз 1-уми август фарзанди худро тариқи барномаи “eDonish” ба мактаби дилхоҳ сабти ном намоянд.
Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастрас аст, ки бо ҳадафи содаву шаффоф гардонидани раванди бақайдгирии кӯдакон ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ мебошад. Сабти ном кардан ройгон аст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки барои сабти ном кардан тавассути браузер ба барномаи электронии “eDonish” ворид шудан зарур аст. Сипас, бахши “Ба синфи 1”-ро интихоб намуда, тавассути рақами телефони мобилӣ худро сабти ном мекунед. Баъдан, маълумоти лозимӣ дар бораи худ ва фарзандро пур намуда, муассисаи таълимиро мутобиқи суроғаи истиқомат ва забони таълим интихоб мекунед. Пас аз пур кардани маълумот, аризаи худро бо пахши як тугма ирсол менамоед ва паёми тасдиқро интизор мешавед.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”