3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
29.07.2025 10:14

Убайдуллозода Асрор: Ба донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ҳастанд, ба хобгоҳ таъмин мекунем.

“Имрӯз донишгоҳ ва зерсохторҳои он омода ҳастанд, ки донишҷӯёне, ки барои таъмини хобгоҳ муроҷиат мекунанд, бо хобгоҳ, ки дорои  шароити муосир барои донишҷӯёнаш фароҳам оварда шудааст, таъмин менамоем”, гуфт Убайдуллозода Асрор, ректори Донишгоҳи байналмиллаи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзааш, 29 июли соли 2025 баргузор гашт.

Ректори донишгоҳ мазкур дар идомаи посухи худ ёдовар шуд, ки дар давраи аввали қабули довталабон, ки тариқи Маркази милли тестӣ анҷом ёфт, ба донишгоҳ 3235 донишҷӯ дохил шуд, ки албатта аксари донишҷӯён аз деҳот ва ноҳияҳои дурдаст ҳастанд ва на ҳамаи онҳо дар шаҳри Душанбе ба ҷои хоб доранд. “Мо барои таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ дар донишгоҳ ягон мушкилӣ надорем, зеро донишгоҳ дорои 5 хобгоҳ мебошад. Илова бар ин дигар хобгоҳе, ки бахшида ба 35 солагии истиқлолияти кишвар  мавриди истифода қарор мегирад,  дар доираи маркази рушди малакаҳо ва имкониятҳои бакор таъминкунӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми шароитҳо дар хобгоҳ муҳайё карда шудааст, “ гуфт Убайдулло Асрорзода.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.