“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
Тоҷикистон барномаи рушди муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлонро тасдиқ кард
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми Барномаи давлатии рушди муассисаҳои маориф дар вилояти Хатлонро барои солҳои 2025-2027 тасдиқ намуд. Дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе, ки таҳти раёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир гашт, мақомот гуфтанд, ки дар доираи ин нақша бунёди 165 бинои нави таълимӣ ба маблағи 957, 8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи ин барнома ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар мактабҳо, аз байн бурдани биноҳои садамавӣ ва фароҳам кардани шароити беҳтари таҳсил барои хонандагон унвон шудааст. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар лоиҳа 53 ҳазору 303 ҷойи нишастро фаро мегирад.
Сарвари кишвар ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки иҷрои барномаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҳар сол ба Ҳукумат ҳисобот пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат ҳамчунин, афзуданд, ки гузариш ба низоми рақамии идораи соҳа ва таълиму тарбия бояд суръат гирад ва татбиқи “ҳукумати электронӣ” дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла маориф, бояд ба таври ҷиддӣ амалӣ шавад.
Дар ҷараёни ҷаласа Ҳукумат лоиҳаҳои чанд қонунро низ баррасӣ кард, ки муҳимтарини онҳо “Дар бораи мақоми омӯзгор” аст. Мақомот мегӯянд, ҳадафи ин қонун баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам сохтани имтиёзҳои иловагӣ барои кормандони соҳаи маориф аст.
Ҳамзамон лоиҳаи дигаре таҳия шудааст, ки ба қонун “Дар бораи маориф” тағйиру илова ворид мекунад ва бо қонуни нав доир ба мақоми омӯзгор ҳамоҳанг хоҳад буд.
Аз ҷумла, дар ҷаласа Барномаи амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2026-2030 ва омода кардани кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон барои иқтисодиёт дар солҳои 2025-2029 низ қабул гардид.
Президенти Тоҷикистон бо назардошти мавсими тирамоҳу зимистон ва соли нави таҳсил ба сохторҳои давлатӣ дастур дод, ки барои ин давра омодагии ҷиддӣ бинанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бар зарурати густариши корҳои ободонӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, ки соли 2026 ҷашн гирифта мешавад, таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”