3 Октябр 2026,
шанбе, 05:23, Душанбе
31.07.2025 15:55

Назарзода Хайрулло: 5 нерӯгоҳи барқии офтобӣ сохта шуд

“Бо мақсади ташаккул ва рушди стратегияи “Иқтисоди сабз” дар донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи далатии тиҷоратии Тоҷикистон бо ширкатҳои ватанӣ ва собиқ хатмкардаҳои донишгоҳ 5 нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори умумии 62 кВт сохта ба истифода дода шудааст”, гуфт Назарзода Хайрулло, ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ, ки рӯзи 24 июл баргузор гашт.

Донишгоҳ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва собиқ хатмкардаҳои донишгоҳ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин ҳамкориҳо ва Стратегияи рушди Иқтисоди сабз, ки барои солҳои 2023-2037 амалӣ карда мешавад, тавонистанд нерӯгоҳҳои барқии офтобиро дар дохили донишгоҳ васл намуда, қисматҳои муайяншудаи бинои донишгоҳро бо барқ ва равшаннамоӣ таъмин кунанд.

“Якумин нерӯгоҳи барқии офтобии донишгоҳи мо бо дастгирии собиқ хатмкардаи муваффақ ва соҳибкор Сафаров Иқболшоҳ, ки директори ҶДММ  “Тоҷикгидроэлекторомонтаж” мебошад, дар ҳаҷми 5 кВт панели офтобиро насб намуд, ки қувваи истеҳсолкардааш  барои равшан кардани гирду атрофи донишгоҳ, хонаи посбонҳо ва қисмати ками бинои донишгоҳ кифоягӣ мекунад, гуфт Назарзода Хайрулло.

Тибқи иттилои дарёфтӣ донишгоҳ соле қабл се нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидорӣ 15 кВт соат бо маблағгузории Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки ширкати "Барги сабз" сохта ба истифода дода шудааст. Як нерӯгоҳии барқии офтобӣ, ки реҷаи кориаш захираи энергия аст,  фаъолият намуда, қувваи истеҳсолшавандаи ду нерӯгоҳи барқии офтобӣ, ки дар ҳаҷми 30 кВт аст, безахиракунӣ  истифода бурда мешавад.

Ректори донишгоҳ дар бораи яке аз кадрҳои собиқи донишгоҳ гуфт, ки имсол аз ҷониби як хатмкардаи дигари донишгоҳ, ки нахост номи ӯро расонаӣ кунем, бо иқтидори 10 кВт нерӯгоҳи барқии офтобӣ сохта ба истифода дода шуд.“Ҳамин толоре, ки мо айни ҳол қарор дорем, аз ҳисоби нерӯгоҳи барқии офтобӣ равшан аст. Дар ояндаи наздик нақша дорем, ки равшаннамоии толори варзиши донишгоҳро (баъд аз таъмир) пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи нерӯгоҳи барқии офтобӣ таъмин кунем ва таъмини оби гарм низ аз ҳисоби нерӯгоҳи офтобӣ ба роҳ монда шавад. Бо даст додани имконият толори калони донишгоҳ низ бо энергияи офтобӣ васл карда мешавад, гуфт Назарзода Хайрулло, ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон.

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.