3 Октябр 2026,
шанбе, 05:26, Душанбе
28.07.2025 07:38

8 медал. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик аз IKO-2025

Аз 21-ум то 27-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ баргузор гардид.

Тавре ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар олимпиадаи мазкур беш аз 218 хонанда аз 7 кишвари қитъаи Осиё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи байналмилалӣ 14 хонанда намояндагӣ карданд.

Тибқи иттилоъ дар олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 хонандагони тоҷик сазовори 8 медал (2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд.

Бояд гуфт, ки Исмоилов Муҳаммад хонандаи синфи 4 дар категорияи якум (синфҳои 3-4) аз ҳама бали баландтаринро сазовор гардида, дар рейтинги Олимпиада яке аз 3 нафар хонандагони беҳтарин эътироф гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.