3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
23.07.2025 15:04

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нафар унвони илмӣ дорад?

Бинобар иттилои Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар кишвар 6505 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 986 нафар доктори илм, 5275 нафар номзади илм ва 244 нафари дигар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 235 дархост, аз ҷумла 27 дархост барои дарёфти унвони илмии профессор ворид шудааст. Аз онҳо 154 дархост қонеъ (аз ҷумла 14 дархост барои унвони профессорӣ) шуда, 15 дархост бозпас гардонида ва 66 дархост дар баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 16 шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфтааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 маротиба зиёд аст.

Зикр гардид, ки 5 шуро дар доираи эълон гаштани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ ташкил карда шуд. Айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар 85 шурои дессертатсионӣ амал мекунад.

DDialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.