“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Раҷаб Аҳмадзода дар Панҷакент бо лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ шинос шуд
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
Нуриддин Муҳиддин: "20 дарсади донишҷӯён идрорпулӣ мегиранд"
"Ҳама донишҷӯёни мо, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, мувофиқи қонунҳои амалкунанда идрорпулӣ мегиранд" - гуфт
Нуриддин Муҳиддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар нишасти матбуотӣ.
22-уми июл дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он Нуриддин Муҳиддин дар хусуси имтиҳони худро сари вақт супорида наметавонистани донишҷӯён ва таъсири он ба гирифтани идрорпулӣ ҳадс зад ва афзуд: "Донишҷӯёне, ки баҳои худро дар марҳилаи дуюм ё сеюми қабули имтиҳон мегиранд, боз шаш моҳ марҳилаи санҷишӣ мегузаранд ва агар дар ин давра низ баҳои хуб нагирифтанд, як давраи муайян аз идрорпулӣ маҳрум мешаванд.”
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли гузашта зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин омор тамоюли болоравӣ дорад, яъне аз 12734 ба 13 772 нафар расидааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар соли 2025 дар Донишгоҳ 1890 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 26 давлати ҷаҳон таҳсил доранд. Бештари донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Финляндия, Руанда, Эфиопия, Зимбабве, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мебошанд. Дар соли таҳсили 2024-2025 бошад Донишгоҳро 307 нафар донишҷӯёни хориҷӣ хатм намудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”