3 Октябр 2026,
шанбе, 05:23, Душанбе
22.07.2025 10:02

Ду нуқра як ҷойи ифтихорӣ. Дастоварди хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи 66-уми байналмилалии математика

Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз муваффақияти хонандагони фаъоли тоҷик дар Олимпиадаи 66-уми байналмилалии математика (IMO-2025) хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, хонандагони тоҷик дар олимпиадаи мазкур сазовори медали нуқра ва ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Афзуда мешавад, ки Машрафҷон Иномов, Олимҷон Тухтаров сазовори медали нуқра ва Меҳрубон Юсупов соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 66-уми байналмилалии математика аз 10-ум то 20-уми июл дар шаҳри Саншайн-Кости иёлати Квисленди Австралия баргузор гардида, дар он 114 давлат ва 600 довталаб аз саросари ҷаҳон иштирок намуданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.